ДАРМОН ОЁ АЗ FИЗОИ СОЛИМ САРЧАШМА НАМЕГИРАД?!

Тавре огоҳем, дар даромадгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов, шаҳри Хуҷанд дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ташкил шудааст, ки аз он дар ҳолати зарурӣ аёдаткунандагон харидорӣ менамоянд. Дар рӯзи гармои фасли тобистон ба аёдати хешовандон рафтему шоҳиди он гардидем, ки тарзи нигаҳдории маҳсулот ва шароити санитарӣ - гигиении он ба талабот мувофиқ нест.

Гармии баланд асар карду барои харидани оби нӯшокӣ вориди мағоза гардидам. Он рӯз тибқи маълумоти обуҳавосанҷон ҳаво аз 40 то 42 дараҷа гармиро нишон медод. Дар мағоза баробари нӯшокиҳои ташнашикан маҳсулоти ширӣ, йогурт, равғани зард, қиёми шир, майонез ва шарбатҳои мевагиро дар рафҳо (на дар яхдон!) гузошта буданд. Магар таркиби маҳсулоти ширӣ дар ҳарорати 40 дараҷа гармӣ вайрон намешавад? Сабаби аз яхдонҳо берун мондани маҳсулоти шириро фурӯшандаҳо дар нарасидани яхдонҳо маънидод намуданд. Бояд гуфт, ки яхдонҳо бо обҳои ташнашикан пур карда шудаанд.

Дар кунҷи дигар тухм зери гармии шадиду ҳавои кушод фурӯхта мешуд. Оё Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ин ҳамаро зери назорат намегирад? Дар ҳоле, ки ба ин гармои шадид дар яхдонҳо маҳсулоти хӯрока дар ду - се рӯз вайрон шуда истодааст. 

Дар маконе, ки кор аст, камбудӣ низ дида мешавад, вале то дараҷае нест, ки ҳамаро ба ҳоли худ гузорем ва касе хоҳад ба таври худ фаъолият барад.

Дар беморхонаи вилоятӣ аз шаҳру навоҳии вилоят беморон бистарӣ мешаванд ва ба аёдати онҳо хешовандон меоянд, ҳол он ки ин мавзеъро маркази шаҳр меноманд. Масъулинро мебояд сари ин масъала андешанд. Зеро нодида гирифтани камбудӣ ба муаммои рӯз табдил хоҳад ёфт!

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh