Шаҳрдорони шаҳри Хуҷанд чӣ мегӯянд?

Ҳасрати соат

Фелетон

Шумо боре ҳам аз баландӣ истода манзараи шаҳрро тамошо кардаед? Медонед, ки тамошои зебоиҳои гирду атроф ва табиати нотакрору хиёбонҳои гулпӯши шаҳри азизам Хуҷанд аз ин баландӣ ба кас чӣ ҳаловате мебахшанд? Дар шафати рӯди Сир, канори дарёи пурасрор - назди майдони Парчами давлатӣ, муҷассамаи устод Рӯдакӣ, аз ҳама муҳимаш, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истода ба халқу Ватан хизмат кардан ба ҳама муяссар намешавад. Ҳамин тавр не?

Имрӯз маро андаке шармам омад. Ҳо-о-о ана аз ҳамон хоначаи зебою оинакории хати болои дарё нафаре гоҳ бо тааҷҷуб, гоҳ бо ҳайрат, гоҳ бо тамасхур ба ману соати дастиаш нигоҳ мекард. Нигоҳҳояш маро ба қавле «хӯрд». Мепурсед, ки чаро? То ин муддат ман бовиқор, босалобатона ба мардум чашм медӯхтам, ифтихор мекардам, ки ҳамарӯза ақаллан мардуми мошинсавори болои пул ба сӯям назар афканда, вақту соати ба кор рафтану аз кор баргаштанашонро муайян мекунанд. Дидагони пуртааҷҷуби ба сӯям нигарон ба фикрам азони сайёҳи кишвари дур буда, вақтро донистан мехост. Мани содадил аз кӯҳнаву фарсуда шудани ақрабакҳоям дар хиҷолат будаму чашм аз хоначаи оинакории роҳи танобӣ мегурезонидам. Бовар мекунед, ман аз ҳамин баландию дурӣ истода, ақрабаки соати дастии ӯро медидам ва аз худ шарм медоштам. Охир вақти ҳақиқӣ 14:35 дақиқаи маҳаллиро нишон медоду ақрабаки мани шӯридадил 9:20 - и субҳро.

Медонед, дирӯз баъди ба ғуруб рафтани офтоби оламоро аз наздикии ман се - чаҳор мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ гузашту аз сӯрохии ақрабакҳоям дидам, ки аз дохилаш арӯсу домоди хуштолеъ дар назди пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ гулчанбаргузорӣ ва аксбардорӣ карданд. Ҳамин вақт яке аз ҷӯраҳои домод шӯхикунон «тезтар шавед, дер шуд, боз тӯйхона дарашро ба рӯямон маҳкам накунад» гуфт. Домоди некбахт як ба ақрабаки ман нигоҳ карда «Э - ҳей, ҳоло барвақт - ку, намебинӣ, соат акнун чор аст, ду соати дигар вақт дорем, бемалол метавонем боз чанд ҷои дигарро сайр намоем» гӯён истодагарӣ мекард. Ба ростӣ, замин накафид, ки ман аз ин баландӣ худро ба поён сарозер созаму аз болоям хокпӯш намоянд. Охир, агар худи ҳозир домод ба гапи ҷӯраҳояш надарояд, бешак, ба тӯйхона дер мемонад. Ақрабаки ман расо се соату сенздаҳ дақиқа қафо рафта буд.

Асри бисту якро асри техникаи пешрафта меҳисобанд. Имрӯз биноҳои замонавӣ, утоқҳои барҳавою муҷаҳҳази воситаҳои техникӣ, коргоҳҳои пуриқтидори пешрафта ва дигар иншооти замонавӣ бунёд мегарданд. Гумон мекунам, ҳар яки онҳо ба сӯям бо тамасхур дида медӯзанду «ҳолатро бин» мегӯянд.

Ҳамин саҳарӣ гуфтугӯи як мӯйсафеди нурониро аз дохили автобус шунидам, ки мегуфт:

- Ҳар субҳ ҳангоми ба коргоҳ рафтанам, ба дохили троллейбус, ки замоне нақлиёти мусофиркаши беҳтарин ба шумор мерафт, нишаста, албатта, дар назди тиреза ҷой мегирифтам ва ё ҷойи қулайро меҷустам, то ба берун нигоҳ карданам осон гардад. Ин амал ҳанӯз аз даврони хурдиам одат шуда буд, зеро соати бобоиам, ки дар пешайвони девор овезон меистод, як - як ғанабаш мебурд. Аз ин ҳисоб барои муайян намудани вақти аниқ ба соати калоне, ки дар пештоқи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд насб шуда буд, менигаристам. Соати он ҷо ҳамеша вақти аниқро нишон медоду бехато ва дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир мешудам. Алҳол ҳарчанд дар нафақа ҳастаму вақти холигии зиёд дорам, будани вақту соати муайян бароям муҳим нест, аммо чун одат ин дафъа ҳам нигоҳҳоям беихтиёр сӯи соати девории бинои даҳошёна бархӯрд, мутаассифона, ақрабаки он вақтро хато нишон медод. Охир, ҳатто мани замоне ҷавону далер пеш рафта, пир шудааму соат як ҷо истодааст - е…

Суханони бобои ҳаштодсола маро ба андеша водор сохтанд. Гуфтаҳои «Пир шудаӣ, пир шудаӣ, пи-и-ир» зери ақрабакҳоям ҷарангос зада, маро ба таҳлука мононд. Ба худ андешидам, замоне нав, яъне ҷавон будам, маро ҳамарӯза истифода мебурданд, нигоҳубин мекарданд, рӯямро тоза, гирду атрофамро озода нигоҳ медоштанд. Ба чархам равған мемолиданду барои лонаи парандагон нашудани дохилам чораҳои зарурӣ меандешиданд. Ҳоло бошад чӣ? Аз ин беҳтар, ки мисли бобои автобуссавор ба нафақа баромада, дар кунҷи ягон анборхона ҷой мегирифтам.

Ба ёдам меояд, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ инҷониб дар маркази вилоят қарор дораму сокинон ҳамарӯза аз ман истифода мебурданд. Донишҷӯён, кормандони муассисаҳои мухталиф, умуман, мардум вақтро аз рӯи соати марказӣ муайян мекарданд. Аммо, мушоҳидаҳои дувоздаҳрӯзаи сокинон нишон дод, ки ақрабаки бечораи ман субҳу шомро иваз кардааст.

Рӯзи аввали мушоҳидаи як сокини шаҳр ақрабак 7 : 22 - субҳро нишон медод, вале дар асл соат 7:45 буд. Бегоҳирӯзӣ ақрабакам 19:25 - ро нишон медод, аммо дар асл соат 17:12 буд. Ба назарам расид, ки тӯли ду ҳафтаи расо нафаре маро аз «санҷиш» мегузарониду вале соат ба вақт тамоман рост намеомад.

Мегӯянд, ки нигоҳдории соати вайрона нишонаи хуб надорад ва вақте он аз кор бозмонд, маҷрои зиндагӣ тағйир меёбад, албатта на ҳар кас ба ин суханон эътимод дорад, вале …

Ба ободии шаҳри азизам бо ҳавас назар карда, ғам мехӯрам, ки ин ҳама бунёдкориро дер эҳсос мекунам. Чаро аз ақрабакҳои ман касеро парвое нест? Охир, беш аз ду ҳафта ақрабакҳоям дар нишон додани вақт гоҳе пеш асту гоҳе пас! Садои дук - дуки қалби ғамнокам ба гӯши кӣ мерасида бошад? Кай аз нигоҳи ҳайратомези мардум халос мешуда бошам? Бо вуҷуди ин дунё ба умед гуфтаанд. Ман ҳам умед дорам, ки нафаре пайдо шуда, садои дили ғамолудаи маро ба масъулин мерасонад ва рӯзҳои наздик ақрабакҳои ман вақти дақиқро нишон медиҳад.

 Шукрона Шарифӣ,
 Пурмоҳи Олим

Add comment


Security code
Refresh