ОБУ РАНГИ МО БА ОЛАМ ГУЛ МЕКУНАД…

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони биҳиштосоямон, кишвари куҳанбунёдамон фазои амну осудагӣ ҳукмрон буда, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ марҳала ба марҳала устувор мегардад. Биноан, ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид пазируфта, иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалӣ - об, захираҳои обӣ ва дастрасӣ ба ин неъмати бебаҳои табиат дастгирӣ, ҷонибдорӣ ва намуна мавқеъ пазируфтаанд.

Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ ҷиҳати осон намудани мушкили миллиардҳо сокини сайёра - шароит фароҳам овардан барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об баромадҳои пурмуҳтаво, судманд ва бунёдӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин мушкилоти печида ҷалб намудаанд, ки басо арзишманду пурбаҳост.

Иқдом ва ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла - оид ба эълом доштани «Соли 2003 - Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 - 2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об - 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ба орзуву ормони мардуми ҷаҳон, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд.

Ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон аз рӯзи 22 - юми марти соли 2018 дар ақсои олам мавҷ зад, оғози амалро муваффақ ва мушарраф гардид. Ташрифи Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба кишварамон Тоҷикистон, баҳои арзандаи ӯ ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба, талошҳои кишварамон дар ҳалли мушкилоти умдатарини сокинони сайёра ва хусусан, ташаббусҳои Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» боз як гувоҳи равшани афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосои мо ва Сарвари хирадманди давлатамон дар арсаи ҷаҳон аст.

Кишварамон саргаҳи оби тоза буда, сарчашмаи ташаббусҳои башардӯстона эътироф шуда, маҳбуб ва комёб аст. Биноан мо хушбахту фараҳманд ҳастем, ки ҳамин тавр як кишвари зебо ва табиати нотакрор дорем. Ин ҳама боиси авҷи илҳом, сарчашмаи эҷод ва сухани ваҷдовари аҳли адаб, маърифату маъонӣ гардида, бо чашми ибратпазир ҳарфи дил мегӯянд. Аз ин лиҳоз, ташаббуси чаҳоруми байналмилалӣ доир ба об ва захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, қадру қимати ин неъмати табиат ба аҳли эҷод илҳом бахшида, уҳдадор месозад, то маънӣ бипазирад, яъне ба ифодаи бузургон «ҷавҳари дониш агар ҳаст, нигин оина аст».

Дар ин раванд мехоҳам доир ба иқдом ва илҳоми хоси як тан аз аҳли маърифат - омӯзгори эҷодкор, китобдӯст ва адиб аз Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Тӯхтасун Қодирӣ чанд ишорае бинамоям. Аввалан ӯ омӯзгори муваффақ аст, ба қалам эҳтирому ихлос дорад, муаллифи маҷмӯаи лавҳаю мақолаҳо, ҳикоёти хурду панду андарзҳои хоси худ аст. Мавзӯи об, захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ӯро талқин намудаанд, ки суханашро дар масири маҷмӯа бо номи «Покии мо зи покии об аст» бинависад. Маҷмӯаро бо шавқ хондам ва донистам, ки муаллиф Тӯхтасун Қодирӣ кӯшиш намудааст, то таҳлилҳои зеҳнии хешро аз нигоҳи нав - дар ҳошияи ташаббуси бунёдии масоили об шарҳу баён созад. Менависад: «Дар ноҳияи Ашт ҳафт сой мавҷуд аст - Долонасой, Даҳанасой, Понғозсой, Ошобасой, Ғудоссой, Аштсой, Пунуксой. Дар ноҳия инчунин рӯихати чордаҳ минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти маҳаллӣ 4300 метр селроҳаҳоро тоза карданд. Дар Аштсой 2000 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд. Дар маркази ноҳия 400 метр, дар Пунуксой 270 метр соҳилмустаҳкамкунӣ, 1000 метр селроҳа аз регу шағал тоза карда шуд».

Сокини деҳаи Понғоз бобои Абдуқодир ба муаллиф гуфта будааст: «Ман замони кӯдакӣ аз модарам борҳо шунидаам, ки мегуфт, ба об туф накун, партов наандоз, обро беҳуда нарез, эҳтиёт кун. Ин ҳикматҳои модарамро ҳоло ба фарзандонам талқин мекунам, зеро аз фаровонии об исрофкориву беқадргардии онро зуд - зуд мебинам. Понғози азизи моро деҳоти об мегӯянд. Понғозсой аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ин деҳаи ободу гулгаштҳои онро маҳз об гулзору сарсабз кардааст. Воқеан ҳам дар ҳама шароит ба қадри бояду шояд обро ҳифз накарда, аз рӯи мисоли «Ҳарчӣ бисёр шуд, хор шуд» амал мекунем, ки боиси таассуф аст. Барои бештар дарк намудани қадру манзалати об филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои телевизионӣ ва наворҳои кӯтоҳмуддат низ саҳми арзанда дорад».

Муаллиф дар қисмати «Тоҷикистон кишвари обҳои зулол» аз факту далелҳои асоснок истифода карда, мавқеи диёри азизамонро дар самти захираҳои обӣ равшан нишон додааст. Таъкид менамояд: «Об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст. Рангорангии табиати Тоҷикистон, шукуфтани гулҳо, сабзиши рустанӣ, мавҷи сабзи теппаҳо ба шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд».

Ба хотир меоварем, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли дуҳазору ҳафтдаҳ сафар кардани Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва ширкат дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» қадршиносии саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами мо дар ҷаҳони муосир ба ҳайси яке аз кишварҳои пешсафи масъалаҳои об шинохта шудаанд.

Аз оғози узвият ба Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо ин созмони бонуфуз ҳамкориҳои густурда дошта, бо ташаббусҳои наҷиб баромад мекунад ва барои роҳандозии бисту се бунёду барномаи СММ дар ҳудуди кишвар шароити мусоид фароҳам овардааст.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh