Маросими муаррифии муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода

Рӯзи 8 июл дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими муаррифии муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ иброз дошт, ки Ғаффорӣ Назира Абдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод гардида, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода муовини Раиси вилоят таъин гардид.

Таъкид карда шуд, ки Ғаффорӣ Назира Абдуллозода аз моҳи феврали соли 2015 то инҷониб ба ҳайси муовини Раиси вилоят фаъолияти назаррас дошт. Раҷаббой Аҳмадзода барои саҳми арзандааш дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ба Ғаффорӣ Назира Абдуллозода аз номи роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуда, ба Азимӣ Зайнура Оқилзода ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно кард.

Бояд зикр кард, ки Азимӣ Зайнура Оқилзода 13 ноябри соли 1972 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси  омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 оғоз намуда, солҳои 2008-2015 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 буд.

Аз 6 июни соли 2017 то июли 2019 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакент кор кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh