Мавқеи бонувон дар замони муосир

Санаи 2 - юми июли соли 2019 дар толори «Кохи матбуот» - и шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда таҳти унвони «Зан - сарвар» баргузор гардид.

Дар он Назира Ғаффорӣ - муовини Раиси вилояти Суғд, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҷамшед Муртазозода, намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ Беҳзод Икромов ва бонувон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ аз рӯйи барномаи «Зан - сарвар» курси омӯзиши дуалиро бо мақсади омода кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ доир намудааст, ки марҳала ба марҳала татбиқ мегардад.

Курси мазкур дар ҳошияи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, марҳалаи аввали курси мазкур аз санаи 2 то 11-уми июли соли 2019 давом мекунад.

Дар анҷоми курс шунавандагон соҳиби диплом мегарданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh