Понғоз мегӯяд бо сӯзу гудоз?!

Ҷамоати 31 ҳазорнафара ҳаммом надорад!

Имрӯз дар қаламрави кишвари азизамон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза гирифтааст. Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Ашт сафар намуда, хостем аз ҳолати кунунии клубу китобхона, ҳаммому сартарошхона ва бунгоҳҳои тиббӣ аз наздик ошно гардем.

Як рӯз пеш аз сафар тариқи телефон бо раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунзода ҳамсуҳбат шуда, мақсади сафарро фаҳмонидем. Вақте ба ноҳия омадем, сараввал хостем аз рафти корҳои созандагии ҷамоат ошно гардида, бо раиси он ҳамсуҳбат шавем, вале ӯро дар ҷойи кораш дарёфт карда натавонистем. Сониян, мақсади омадани худро ба муовини раиси ҷамоат Назира Бегматова фаҳмонидем. Номбурда гуфт, ки раиси ҷамоат ҳамроҳи раиси ноҳия аз кадом хоҷагии ҷамоат боздид дораду омада наметавонад.

Сипас, аз ӯ хостем бобати ба анҷом расонидани корҳои созандагиву бунёдкории иншооти ҷашнӣ, аз қабили ҳаммому сартарошхона, кошонаи ҳусну бунгоҳҳои тиббӣ, ки дар ҷамоат сохта мешаванд, маълумот гирем. Мавсуф гуфт, ки Ҷамоати деҳоти Понғоз дорои 31 ҳазор аҳолӣ буда, вале то имрӯз дар ҷамоат ягон ҳаммом вуҷуд надорад. Оиди сартарошхонаву мағоза ва кошонаи ҳусн бошад, дар деҳаҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Хостем яке аз китобхонаи ҷамоатро дидан намоем, вале бинобар маҳкам будани дар мо даромада натавонистем. Муовин бо узрхоҳии зиёд моро ба китобхонаи бахши 7 - уми воқеъ дар деҳаи Бободархон даъват кард. Аллакай аз даромад аён буд, ки китобхона дар кадом ҳолат қарор дорад. Даричаи хурдакаки кӯҳнашудаи фарсудаву деворҳои афтида, фаршу шифти таъмирталаб, мизу курсиҳои кӯҳна ва тирезаи ба чангу хок оғӯштаи дохили китобхонаро гӯё равшанӣ медод.

Гӯё китобхона неву анборчаи хурдакаке бошад. Хостем чароғро гирон намоем, вале бо сабабҳои номаълум нерӯи барқ низ равшан нашуд. Ҳолати китобҳо нигаронкунанда буданд, зеро аксар кӯҳнаву фарсуда ва бо забонҳои гуногун буданд.

Китобхона маконест, ки ҳар хонанда ва шахси китобдӯст омада, дар он ҷо китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷалла мутолиа мекунад. Аксар вақт китоби лозимаро гирифта, ба хона мебаранд, то онро ба пуррагӣ хонда, аз худ намоянд. Вале дар китобхонаи мазкур на миз буду на курсӣ, пас хонандаи китоб дар куҷо бояд бо мутолиа машғул гардад? Ба ин суол мудири китобхона посухе ёфта натавонист, танҳо сар ҷунбониду халос!

Дар паҳлӯи бинои кӯҳнаи китобхона бо ҳарфҳои калон «Клуби деҳаи Бободархон» навишта шуда буд. Вақте вориди он гаштем, ҳуш аз сарамон парид. Он макон ба клуб монандие надошт, зеро таъмирталаб, ҳатто садамавӣ буд! Курсиҳои вайронаву шикаста, деворҳои кафидаву афтида ва тирезаҳои бо тунукаву тахта пӯшидашуда моро интизор буд. Вақте сар боло кардем, дидем, ки шифт ба афтодан наздик аст.

Директори клуб аз он изҳори нигаронӣ кард, ки барои таъмири он ягон маротиба маблағ ҷудо намешавад. Аз ҳисоби маоши худам каме ҳам бошад, таъмир карда истодаам.

- Имрӯз барои таъмиру ободонии ин макон касе маро дастгирӣ намекунад. Соҳибкоронро барои таъмиру азнавсозӣ ҷалб кардан лозим аст.

Суоле ба миён меояд, ки магар масъулон нисбат ба ҷойҳои фарҳангӣ, алалхусус клубу китобхонаҳо беаҳамиятанд? Чаро имрӯз китобхонаву клуб ба чунин ҳолат расидаанд? Ин суолест, ки масъулин бояд ба он ҷавоб диҳанд!

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд – Ашт – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh