Об манбаи ҳает

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об – барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” эълон гардид.

Ва дар пайравӣ ба ин пешниҳод, инчунин ба муносибати солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар аксар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаммои дастрасии оби ошомиданӣ ҳалли худро ёфта истодааст. Ба сабаби мавҷудияти мушкилоти дастрасии оби ошомиданӣ дар назди ҳар як хонавода ҳавз сохта шуда, аз Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача об харидорӣ ва бо нақлиёт оварда мешуд. Яъне ҳар як оила дар ҳавлии худ ҳавзи худсохтро дар ҳаҷми гуногун омода кардааст ва дар он моҳе як ё ду маротиба оби нӯшиданиро захира менамояд. Ҳоло бошад, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар баъзе маҳаллаҳо аз лӯлаҳо оби нӯшиданӣ ҷорист.

Тибқи Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об – барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” барои беҳтар намудани вазъи дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ бо ҷонибдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои сохтмони хатти асосии об 3000 метр лӯлаи пластмасии қутраш 90 мм. дастрас гардид.

Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бо дастгирии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва бо ёрии соҳибкорону аҳолии деҳот аксар сокинони маҳаллаҳо бо оби нӯшиданӣ таъмин шуда истодаанд.

Ба пешвози ин ҷашни таърихӣ соли 2018 - ум дар маҳаллаи Баҳористон сохтмони хатти оби нӯшиданӣ дар масофаи 15 километр ба итмом расида, мушкилоти 320 хоҷагӣ ҳал гардид, ки дар 40 фоизи маблағи он аҳолӣ саҳмгузор шудааст.

Умуман, дар ободонии деҳот саҳми аҳолӣ хеле назаррас мебошад. Соли сипарӣ дар сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар масофаи 1000 метр дар маҳаллаи Дӯстӣ ва дар таъмири 30 чоҳи амудӣ сокинон ба ҳар кадоме бист фоизӣ ҳиссагузорӣ намуданд. Аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, соли сипарӣ 18 километр заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди деҳа тоза карда шуд. Сохтмони чоҳи амудии маҳаллаи Баҳористон бо дастгирии фонди Оғохон ва Ҷамъияти иштирокчиёни ҷанги Афғонистон анҷом пазируфт.

Бо мақсади амалигардонии “Барномаи рушди Ҷамоати деҳоти Хистеварз барои солҳои 2016 - 2020” соли равон сохтмону барқарорсозии зиёда аз 40 номгӯй иншоот вобаста ба соҳаҳои инфрасохторӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ, полезӣ, ободонии роҳҳо ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст. То ин дам беш аз 20 километр заҳбуру заҳкашҳо, зиёда аз 10 километр Канали Фарғона, ки аз ҳудуди деҳа мегузарад, 18 километр ҷӯйбори байнихоҷагиҳо ва 1300 метр ҷӯйбори бетонии байнихоҷагиҳо пурра таъмир ва тоза карда шуд, ки дар ин саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ хеле назаррас мебошад.

Чанде пеш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бо оби нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои Чинор, Ҷавғал ва Фрунзе 2500 метр лӯлаи пластмассӣ ҷудо кард ва алҳол корҳо дар ин самт идома доранд.

Метавон гуфт, дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуб дида, дар рушду нумӯи деҳот саҳми арзанда мегузоранд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh