СОКИНОНИ БИНО КАЙ БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД?!

Ҳолати «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007 - 2020» дар ноҳияи Шаҳристон

Оби нӯшокӣ яке аз сарчашмаҳои асосии ҳаёт мебошад. Тоҷикистон аз ин неъмати бебаҳои табиӣ бой бошад ҳам, мутаассифона, он на ба ҳама дастрас аст. Дар ноҳияи Шаҳристон маҳаллаҳо ва деҳаҳое мавҷуданд, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доранд.

ҳангоми сафари хизматӣ ба ин ноҳия аз мушкилоти мавҷудаи сокинони як бинои баландошёна, ки тайи чанд сол муаммои оби тозаи ошомиданӣ онҳоро ба ташвиш овардаву ҳеҷ ҳаллашро наёфтааст, дидан намудем. Бароямон аён гардид, ки бошандагони ошёнаҳои 3 ва 4 – уми бино аз набудани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар суҳбат сокинон ибрози андеша намуданд, ки обро аз поёни бино ба хонаҳои худ мекашонанд. Аз танқисии об сокинон маҷбуранд, ки захираи ҳафтаинаи худро нигоҳ доранд. Ин дар ҳолест, ки дар сурати захира накардан маҷбуранд давоми рӯз чанд маротиба аз поёни бино ба ошёнаи чорум зарфи пур аз обро бо мушкилии зиёд кашонанд.

Бино ба иттилои масъулини Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи бинои чорошёна дар мувозинаи Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии саноатӣ - кишоварзии ноҳия буда, он соли 1997 сохта шуда, дорои 32 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад. Бояд гуфт, ки бино дар ду соли аввали фаъолияташ пурра бо оби ошомиданӣ таъмин буд. Баъди аз кор мондани чоҳҳои амудӣ соли 2000 - ум таъминоти оби нӯшокӣ тағйир ёфта, ба тариқи худҷорӣ хатти об васл гардида, он аз масофаи 10 километр тариқи лӯлаҳои қутрашон 260 – 215 мм. аз чашмаи Шаҳристонсой ба маркази ноҳия оварда шудааст.

Бобати вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва муаммоҳои соҳа бо чанде аз сокинони бино ҳамсуҳбат гардидем.

- Солҳои зиёд аст, ки дар бинои баландошёнаи маҳаллаи мо, бинобар фарсудашавии қубурҳо об намеояд. Хурду бузурги маҳалла обро ба ошёнаҳои болоӣ аз поён мекашонанд. Борҳо масъулин ваъда доданд, ки ин муамморо ҳал хоҳанд кард, вале афсӯс, мушкилоти мо ҳалли худро наёфта истодааст, намедонем ба куҷо муроҷиат намоем, - иброз медорад яке аз сокинони кӯҳансоли ин бино.

Бино ба гуфти Назар Турсунов, истиқоматкунандаи ошёнаи чоруми бинои мазкур ин муаммо бошандагонро ҳанӯз аз соли 2005 ба ташвиш овардааст. Чанд сол пеш дар наздикии бино хонаҳои истиқоматӣ мавҷуд набуд. Бо мурури замон дар ин ҷо корхонаву ташкилот ва хонаҳои истиқоматӣ бунёд ва боиси сар задани муаммои мавҷуда гардид. Банда, ки аз соли 1997 дар ин макон иқомат дорам, ҳамарӯза ҳамроҳи фарзандон то ошёнаи 4 - ум об мекашонем, то эҳтиёҷоти худро қонеъ гардонем.

Мо - бошандагони бино чандин маротиба ба масъулини сохторҳои марбута, аз ҷумла идораи оби ноҳия муроҷиат намудем, ки мушкиламонро ҳал намоянд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ин муаммо то имрӯз ҳалли худро наёфтааст, - гуфт мавсуф.

Бино ба иттилои масъулини соҳа масъалаи таъминоти оби ноҳия солҳои пеш ба зиммаи хоҷагии манзилию коммуналии маҳал шомил буд. Аз соли 2017 барои беҳтар намудани хизматрасонии сокинон ба оби ошомиданӣ дар ноҳия Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия таъсис ёфт, ки ин муаммо ба зиммаи онҳо вогузор гардид.

Бояд зикр кард, ки сокинон бештар оби нӯшокиро аз нуқтаи марказӣ ва чашмаҳо истифода мебаранд. Новобаста аз он, ки баҳри аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон кӯшиш ба харҷ медиҳад, мутаассифона, баъзе мушкилот то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Қайд кардан зарур аст, ки мувофиқи «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007 - 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 514 аз 2 - юми декабри соли 2006 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Корхонаи фаръии давлатии обтаъминкунӣ танзими мунтазами сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Исмоил Абдураҳмонов - роҳбари Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия дар суҳбат иброз намуд, ки имрӯз истеъмолкунандагони оби нушокӣ, ки аз ҷониби ин идора таъмин карда мешавад, 10 ҳазор нафар сокини худи шаҳраки Шаҳристон ва деҳаҳои Турсунзодаву Ваҳдат 15 фоизро ташкил медиҳад. Боқимонда 85 фоизи дигари аҳолӣ аз хатҳои оби нӯшокии дар мувозинаи кооперативҳои истеҳсолӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ буда истифода мебаранд.

Дар асоси барномаи барқарорсозии таъминоти оби нӯшокӣ, ки аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд рафта истодааст, маблағи умумӣ 3,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Алҳол 1,7 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардида, аз он ба маблағи 12 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Ҳамчунин, ду марҳалаи дигар ба тендери умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардида, дар муҳлатҳои наздик сохтмонаш идома меёбад.

Дар маркази ноҳия мувофиқи нақша 50, 1 км. қубур хобонида мешавад. То ин дам 43, 3 км. қубур ва ҷӯйборҳои бетонӣ хобонида шуда, дар ин самт корҳо низ босуръат идома дорад. Дар сурати ба иҷро расидани корҳои сохтмонӣ дар маркази ноҳия таъминоти оби нӯшокӣ пурра ҳалли худро меёбад. Ин армуғони хубе ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Шаҳристон хоҳад шуд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд - Шаҳристон – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh