ҲОҶӢ СОДИҚ
- Details
- Published on Friday, 27 May 2011 13:42
Нависанда, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Соли 1913 дар ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1956 ИДПЛ-ро хатм намудааст.
Дар муҳорибаҳои шадиди ҶБВ иштирок дошт. Баъди аз ҷанг маҷрӯҳ баргаштан солҳои 1943-45 муҳаррири рӯзномаи «Стахоновчӣ» буд, аз соли 1946 то 1964 дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” дар вазифаҳои ҷонишини муҳаррир ва муҳаррир фаъолият бурдааст. Солҳои 1964-1980 муҳаррири рӯзномаи «Совет Тожикистони» буд. Мардуми тоҷик Ҳоҷӣ Содиқро чун рӯзноманигор, драматург ва нависандаи оташсухан мешиносанд ва бо некӣ ёд мекунанд. Ҳоҷӣ Содиқ Корманди Шоистаи санъат, Корманди Шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва узви ИЖ ва Иттифоқи нависандагони СССР буд. Бо ду ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 11), чор ордени Нишони фахрӣ ва медалу Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. Борҳо депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, аъзои КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ҳоҷӣ Содиқ асарҳои «Гаҳвораи ҷунбон» (1961), «Яъне, ки масалан» (1963), «Солдати ношинос» (1966), «Шафқат кунед, дӯстон» (1971), «Суть дела» (Москва, 1971), «Боварӣ» (1971), «Сироҷиддинака» (1972), «Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ» (Бо ҳаммуаллифии Ҳ.Аскар), «Бонги изтироб» (1972), «Қадамҳои нахустин» (1981), «Қиссаи бузи бериш» (1978), «Чоҳкан зери чоҳ» (1984), «Гардиш»(1986), «Камолот» (бо А.Сидқӣ 1981), «Ҳикояҳо» (1998), «Қаҳрамони Шайдон» (1961) «Лаб бо табассум зебост» (1989), намоишномаҳои «Духтари эшон» (бо Исомаддинов), «Дилҳои озурда», «Қумрӣ», «Воқеаҳои мошини сабукрав», «Эшони риш», «Бемории ногаҳонӣ», «Дарди бадро давои бад», «Кӯзачаи сеҳрнок», «Интихоби домод» (ин мазҳака дар театри ба номи Лоҳутӣ зиёда аз 900 маротиба намоиш дода шудааст) иншо намудааст. Ҳамчунин асарҳои драмавиаш ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, дар саҳнаи театрҳои Андиҷону Қӯқанд гузошта шудаанд. Ҳоҷӣ Содиқ чандин намоишномаро тарҷума кардааст, ки яке аз онҳо «Исёни арӯсон»-и драматурги ӯзбек Саид Аҳмад буда, то ҳанӯз дар репертуари театрҳои Тоҷикистон мақоми хос дорад.
Ба хотири гиромӣ доштани хотираи устод Ҳоҷӣ Содиқ дар вилоят ҷоизаи махсус таъсис дода шудааст, ки ҳар сол ба рӯзноманигорони беҳтарин супурда мешавад.
Ҳоҷӣ Содиқ соли 1989-ум чашм аз олам пӯшидааст.