Имрӯз ҳайати саднафараи меҳмонон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ ва вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ташриф меоранд

Ҳайати саднафараи меҳмонон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ ва вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар конфронси умумиҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст!» ба вилояти Суғд ташриф меоранд.

Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» иборат аз шаш гуруҳ рӯзи 18 июн вориди вилояти Суғд мегарданд ва меҳмонон тӯли чанд рӯз аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал меоранд.

Аз ҷониби роҳбарияти вилоят нақша-чорабиниҳои марбут ба сафари Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» ба вилоят тасдиқ ва масъулини дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он муваззаф гардиданд.

Ҳайати саднафараи меҳмонон дар доираи сафари худ рӯзҳои 18, 19 ва 20 июн аз мақбараи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, оромгоҳи Муҳммад Башоро, Хона-музейи Лоиқ Шералӣ, пойгоҳи бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент, мавзеи таърихии “Қаҳ-қаҳа”, мавзеи таърихии “Чилҳуҷра”, зиёратгоҳҳои “Туятошбобо” ва “Қутуратбобо”-и ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Муғ, мавзеъҳои таърихии “Сабристон” ва “Ҳазрати Шоҳ”, Литсейи касбӣ-техникӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Сари мазор”-и шаҳри Истаравшан, Осоишгоҳи Зумрад, зиёратгоҳҳои “Лангари моҳиён”, “Ҳазрати Шоҳ”, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ, маҷмааи “Ҷаҳони нав”, Маҷмааи таърихии “Қалъаи Сурх”, Осорхонаи марказии шаҳри Исфара, Қасри Арбоб, Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик”, Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Боғи миллии “Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи Баҳористон, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои шаҳри Гулистон, Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд боздид менамоянд.

Меҳмонон санаи 20-уми июни соли ҷорӣ дар доираи барномаи чорабинии сиёсию фарҳангии Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» дар конфронси умумиҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст!», ки дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд доир мешавад, иштирок менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh