ҶАВОНОН – НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ТОҶИКИСТОН!

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дорад. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи ин нерӯи бузург дар ҳаёти ҷамъиятӣ рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Таваҷҷуҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаву дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон нерӯи онҳоро дар бунёди давлати ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол ва ба корҳои созандагию бунёдкорӣ раҳнамун месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат ба масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда, гуфтанд: “Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин нерӯи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад”.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - навбатии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз шуморида, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

Пешвои муаззами миллат парвариши меҳри ватандориро дар замири ҷавонон нуктаи муҳим арзёбӣ намуда, дар суханронии худ изҳор доштанд: “Ватан дар баробари Модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бе сарнавишт ва бе қадру манзалат аст. Бесабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз давраи ориёиҳо зуҳур кардааст. Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании имрӯзу фардо мебошад”. Ҷиҳати дастгирию ҳавасмандгардонии ҷавонон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендия ва квотаҳои Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентии “Дурахшандагон” таъсис дода шуд. Ҳамчунин, зиёда аз 300 нафар ҷавони кишвар тибқи стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон “Дурахшандагон” дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои омӯзгорони ҷавон ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда аз зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.

Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Тибқи арзёбии олимони сиёсатшинос татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар замони соҳибистиқлолӣ ба чор марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Марҳалаи якум аз моҳи марти соли 1992 бо қабули Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” оғоз гардида, то ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома меёбад. Қабули қонуни мазкур саҳифаи навро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон боз намуд. Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ сурат гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 - юми феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуданд ва 4 - уми сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонон, 17 - уми марти соли 1994 дар анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некӯаҳволии халқ саъйу талош намоянд. Мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 - юми майи соли 1997 воқеаи таърихӣ буд. Ин мулоқот ба давре рост омад, ки ҷараёни нобоварию мухолифат ба фарҷоми мантиқии худ расида, ба марҳалаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократии Тоҷикистон табдил ёфт.

Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” Президенти кишвар 23 - юми майи соли 1997 Фармон “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” - ро ба имзо расониданд ва 27 - уми майи соли 1997 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Ҳамчунин, дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат шуъбаи сиёсати ҷавонон ба фаъолият шурӯъ кард. Марҳалаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро пас аз ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” - ро дар таҳрири нав (2004) номид. Зеро бо имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳалаи муҳими тақдирсоз шурӯъ шуд ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрӯи байналхалқии кишварамон кӯшишҳои арзандаю назаррас ба харҷ доданд.

Самти дигари сиёсати давлатии ҷавонон дастгирии соҳибистеъдодҳои ҷавон мебошад, ки 26 - уми феврали соли 1998 дар ин бобат Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, летсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо”, 20 - уми марти соли 1998 “Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ба тасвиб расид. Мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони лаёқатманди кишвар, ки 16 - уми майи соли 1998 баргузор гардид, ба эҳёи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ба корҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани ҷавонон ҷараёни тоза бахшид ва 23 - юми май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” эълон шуд. Марҳалаи сеюм аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав (июли соли 2004) ибтидо гирифта, то таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти мамлакат идома ёфтааст.

 Бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, такмили қонунгузории кишвар ва дар ин замина қувватгирии сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоидаткунандаи меъёрии ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон зарурати ворид кардани тағйирот ба қонуни асосии ҷавонон ба миён омад. Бинобар ин 9 - уми июни соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав қабул гардид. “Вобаста ба тақозои замон, - қайд намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овардааст...” Оғози марҳалаи чоруми дастгирии сиёсати давлатии ҷавононро аз таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (18 - уми июли соли 2015) бояд ҳисобид. Зеро, таъсиси Шӯро ҳамчун иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин намуд.

Иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Ҳукумати мамлакат (27 - уми майи соли 2016) саҳифаи наверо дар таърихномаи ҳаракати ҷавонони соҳибистиқлоли кишвар оғоз намуд. Боиси таъкид аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат санаи 6 - уми майи соли 2019 бо ибтикори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят баргузор гардида, дар назди ҷавонон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи мамлакат воридшуда (22 - юми майи соли 2016) барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох кушода, ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам овард. Пешвои миллат соли 2017 - ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки онро метавон давоми мантиқии он ташаббусҳо номид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи зиёд нисбат ба ҷавонон доштанд. Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созанда, посдорандаи фарҳангу ҳувияти миллиро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Дар мамлакат солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, ки дар ин ҷода саҳми ҷавонон беназир аст. Ин нерӯи азими кишвар бояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо донишу таҷриба, истеъдод, қобилияти фитрӣ ва тафаккури эҷодии худро баҳри рушду нумӯи диёри азизи худ масраф намоянд.

Саноатикунонии кишвар ва ба ин васила расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бо қувваи ҷавонон амалӣ мегардад, зеро ояндаи кишвар аз онҳо вобаста аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ чунин омадааст: “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад”. Пешвои миллат бо ифтихормандӣ аз ҷавонони замони истиқлол ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи онҳо баҳои сазовор додаанд, ки ин ташаббус аз ҷавонон масъулияти дучандро тақозо менамояд.

Давлату Ҳукумат ҷавононро дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамчунин, қайд бояд намуд, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтода, ба миллату Ватани худ хиёнат намуданӣ мешаванд, ки ин кори бархе аз онон обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд.

Ҷавонон ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки давлату Ҳукумат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, баҳри беҳтар ва шоиста гардидани зиндагии ҷавонон кӯшиш менамояд, онҳо бояд ба қадри кишвари ободу осоишта, истиқлолияту ваҳдат бирасанд. Шоистаи зикр аст, ки санаҳои 30 - юми март - 2 - юми апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифашон ба вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ шинос гардида, қатори дигар иншооти нав - бинои Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералиро дар маркази вилоят ифтитоҳ бахшиданд.

 Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Қасри ҷавонон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуданд, ки “дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир нақши ҷавонон дар мубориза бар зидди ҳар гуна андешаю афкори зарарноку хатарбори гурӯҳҳои ба суботи ҷомеа таъсиргузор ба манфиати давлату миллати Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим мебошад”. Пешвои миллат дар ин мулоқот аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароити муосири хубу арзанда барои омӯзиш ва фаъолият, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ фаъолият намуда, барои пешрафт ва ободии сарзамини аҷдодӣ - Тоҷикистони азиз саҳми босазои худро гузоранд.

 Боиси таъкид аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарори Раиси вилоят аз 25 - уми апрели соли 2019, №185 “Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!” ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят силсилаи чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамчунин, ба ин муносибат нақшаи чорабиниҳои алоҳида оид ба ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи 15 намуди варзиш таҳия гардидааст, ки барои дар сатҳи баланду хотирмон гузаронидани Рӯзи ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.

Чунин иқдом дар вилоят бори аввал сурат гирифта, ба он варзишгарони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон даъват шудаанд. Ин чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон, тақвият бахшидани дӯстии байни ҷавонони минтақаҳои гуногун, муайян намудани беҳтарин варзишгарон ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ амалӣ мегардад.

Итминони комил дорем, ки насли ҷавони имрӯза бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди ватандорӣ таҳсилу фаъолият намуда, соҳибони минбаъдаи ин сарзамини ободу мустақил хоҳанд гардид.

Мирзоғуфрон ҒАФУРОВ,
 сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Озод РАҲИМОВ,
раиси Шӯрои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh