Заминаи маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Роҳҳои беҳтар намудани маърифати экологии аҳолӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.

Конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров ифтитоҳ карда, зикр дошт, ки заминаи маънавиёти ҳар як шахс аз ҷаҳонбинии ӯст. Ҳар як шахсро мебояд дар баланд бардоштани сифати ҳаёти худ ва ғамхорӣ нисбат ба табиат талош намояд ва тарбияву маърифати экологӣ бояд дар муассисаҳои таҳсилотӣ ташаккул ёбад.

Хуршед Саидов – сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар мавзӯи «Мавқеи маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, доир ба тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати кишвар ва баҳри баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон сухан намуд.

Баъдан доир ба «Тарбия ва маърифати экологӣ - заминаи рушди фарҳанги ҷомеа» дотсенти кафедраи экология Юсуф Толибов, «Роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ» омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд Сурайё Зиёбоева, «Тарбияи экологии хонандагон дар раванди машғулиятҳо дар гӯшаи табиати зинда» дотсенти кафедраи табиӣ - риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълим Акбар Назаров баромад карда, дар бобати роҳҳои баланд бардоштани маърифати мардум фикру андешаи худро баён доштанд.

Ҳамчунин, роҷеъ ба китоби дарсии дотсент Юсуф Толибов «Маърифат ва тарбияи экологӣ» директори китобхонаи марказии донишгоҳ Дилбар Самадова табодули назар намуд.

Зимнан бояд гуфт, ки конфренсияи илмӣ-амалӣ баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», таъмини иҷрои талаботи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019, Барномаи давлатии комплексии рушди маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2020 равона гардидааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh