Панҷакент: Роҳи Ҳафткӯл кай таъмир мешавад?

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба яке аз муҳимтарин нукта: бо эълон кардани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қалби ҳазорон мардуми дар деҳа сукунатдоштаро шоду мамнун сохтанд.

Сокинони деҳаҳои Панҷакент умед доранд, ки маҳз бо дастури Сарвари мамлакат ҳаммому сартарошхона, марказҳои хизматрасонӣ, фароғативу ҳунармандӣ ва муҳимтар аз ҳама роҳҳои зодгоҳашон таъмир ва обод мегардад.

Ҳафткӯл яке аз мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ буда, дар Ҷамоати деҳоти Шинг, дар 75 - километр ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст ва тамошогоҳи ҳазорон ҷаҳонгардони хориҷиву дохилист. Имрӯз роҳи ин мавзеъ он қадар обод нест. Қисмате аз роҳҳои Ҳафткӯл бо ташаббуси сокинони деҳаи Шинг тозаву ҳамвор карда мешаванд.

Ба андешаи меҳмононе, ки аз Ҳафткӯл дидан кардаанд, аз кӯли 6 - ум то кӯли 7 - ум ҳолати роҳ тамоман хатарнок буда, на ҳама нақлиёт метавонад тариқи он ҳаракат кунад. Танҳо ронандаи бомаҳорат метавонад дар ин роҳи валангору танг нақлиётро идора намояд. Ҳамин минтақаи роҳи Ҳафткӯл мавзеи обраву селгузар буда, зуд - зуд вайрон мешавад.

Солҳои 2019 - 2021 дар кишварамон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Таъмиру таҷдиди роҳҳо ҳам ба яке аз инфрасохтори рушди сайёҳӣ дар кишвар дохил мешавад. Дарозии роҳи Ҳафткӯл зиёда аз 10 километрро ташкил медиҳад.

Панҷакент бо доштани 11 ширкати сайёҳӣ дар мамлакат, яке аз шаҳрҳои пешрафта дар бахши туризм дониста мешавад. Дар ҳоле ки гузаргоҳи сарҳадӣ бо давлати Ӯзбекистон боз гардидааст, вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон тариқи роҳи Панҷакент афзоиш хоҳад ёфт. Бинобар ин шояд ин роҳ бо ҷалби мардони саховатпешаи Ватан тармиму таъмир гардад?

Хуршед ФОЗИЛОВ,
шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh