ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: ИҶРОИ НАҚША - 42 ФОИЗ

Барои ҳимояи арзу буми Ватан ва баҳри ба иҷро расонидани қарзи шаҳрвандӣ   дар ҷумҳурӣ соле ду маротиба маъракаи сиёсӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир мегардад. Дар ин марҳала аксарияти  ҷавонони ватандӯсту хештаншинос бо хоҳиши хеш сафи Артиши миллии кишварро пурра намуда, содиқона хизмати Модар – Ватанро иҷро менамоянд.

Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз моҳи апрел оғоз гардида, то  санаи 16 – уми апрели соли 2019 дар вилояти Суғд нақшаи даъват беш аз 42 фоизро дар бар гирифтааст. Имсол даъвати баҳорона аз рӯзи аввал суст ҷараён гирифта, танҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тавонист, нақшаро таъмин намояд. Ноҳияи Зафаробод 88 фоиз ва Шаҳристон 73 фоизи нақшаро таъмин намудаанд, ки баъди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пешсафтари маъракаи даъват ба ҳисоб мераванд.

- Сабаби дар сатҳи паст қарор доштани нақшаи даъват корбарии суст аз ҷониби масъулини дахлдори шаҳру навоҳии вилоят, саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ, ба муҳоҷирати меҳнати рафтани онҳо ва ҳамчунин, бархе аз волидайн фарзандони худро пинҳон мекунанд ба ҳисоб меравад, - гуфт зимни сӯҳбат сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилоят полковник Рустам Ғоибов.

Инчунин, мавсуф қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маърака ҳайати кории Комиссариати ҳарбии вилоят ба ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят нақша чорабиниҳои пешбининамударо баргузор намуда, бо волидайн ҷиҳат дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандонашон мулоқотҳо баргузор намуданд. Аммо, аз ҷониби раисони кумитаи маҳаллаҳо ва комиссариатҳои шаҳру навоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ суст ҷараён дорад, ки ин албатта барои паст гардидани нақшаи даъват сабаб мегардад.

Алҳол дар вилоят ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо маром идома дошта,  бино ба иттилои масъулин аз ҳамаи нишондиҳандаи паст то имрӯз шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ки 19 фоизи нақшаро таъмин намудаасту халос.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh