Духтар ба сараш нишони ахтар задааст!

Ибтидо

Моҳи апрели соли 2013. Дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳри Исфара маросими гусели наваскарон ба хизмати аскарӣ доир гардид. Дар рафти он назди ҳозирин хонандаи синфи 11 - уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 61 - уми деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Кӯлканд Зӯҳро Давронова изҳор дошт, ки омода аст дар мактаби олии ҳарбӣ таҳсил намояд ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунад. Ба суханони ӯ касе эътибори ҷиддӣ надод ва ҳарфҳояшро хаёлпардозиҳои ҷавонӣ пиндоштанд.

Таҳсил дар мактаби олӣ

Худи ҳамон сол З. Давронова ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи олии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, донишҷӯй гардид.

- Баромади ман, - мегӯяд Зӯҳро, - дар маросими гусели наваскарон тасодуфӣ набуд. Аз хурдӣ ба ҷавонони сару либоси афсарӣ дошта, бо ҳавас нигоҳ мекардам. Ин ҳаваси кӯдакона дар умқи дилам ҷой гирифта буд. Аз соли 2013 то 2017 дар Донишгоҳи олии ҳарбӣ таҳсил намудам. Ягона духтар байни садҳо афсари оянда будам. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раёсати маориф ва бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара чор сол дар донишгоҳ хондам. Соҳиби касби пурифтихоре, ки тору пудаш хизмат ба Ватан, ҳимояи марзу бум ва таъмини осмони софу осудагии мардуми диёр аст, шудам.

Дар сарҳадбонӣ

Аз соли 2017 то ин дам қаҳрамони мо дар отряди сарҳадбонии 0412 - и Қӯшунҳои сарҳадии Мурғоб фаъолият дорад. Лейтенанти калон, ҳуқуқшинос, афсари шуъбачаи корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ буда, байни сарбозон корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ мебарад. Чӣ будани Ватан, ҳимояи он, посдории осудагиву оромӣ ва ҳимояи ҳар ваҷаб замини Модар - Ватанро ба сарбозон мефаҳмонад.

Дар омади гап

Модари Зӯҳро муаллимаву падараш корманди корхонаи обу ташноби шаҳр.

Дар зиндагӣ Зӯҳро пеш аз ҳама аз волидайн ва омӯзгоронаш сипосгузор аст. Онҳо барояш интихоби дурустро нишон дода, баҳри расидан ба мақсад роҳнамоӣ карданд. Бахусус, роҳбари синф Мақсудахон Сангинова ва омӯзгори фанни омодагии дифоии ҳарбӣ Зайниддин Баҳриддинов буданд, ки имрӯз Зӯҳро дар тан либоси низомӣ дорад.

Ҳамсараш Умедҷон, ки зодаи Бохтар аст, чун Зӯҳро афсар буда, ҳарду якҷоя дар отряди сарҳадии 0412-и Мурғоб кор мекунанд. Соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке ҳастанд.

Интиҳо

Азми қавӣ, иродаи матин, ҷасорату мардонагӣ ва талош барои расидан ба орзу, ки хислатҳои фарқкунандаи Зӯҳро Давронова мебошад, барои ҷавонписарон намунаи ибрат аст. Қанд зан, Зӯҳро! Духтаре, ки дар радифи садҳо ҷавонмард дар ҳимояи Ватан истодаӣ!

Абдумуталиб ШАРИФОВ,
шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh