Лампаҳои каммасраф: Қуттиҳои махсус намерасанд!

Оё ин баҳона аст?

Аз санаи 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оид ба сарфаҷӯёна истифодабарии қувваи барқ ба корхонаю муассиса ва аҳолӣ таъсири мусбӣ расонид. Баробари ин муаммои ифлосшавии муҳити зист бо лампаҳои каммасрафи аз истифодабаромадаи симобдор ба миён омада, аз тарафи мақомоти дахлдор, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист ва Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

То ташкили нуқтаҳои қабул ва ба расмият даровардани супоридани лампаҳо аз тарафи аҳолӣ фурӯзонак, таҷҳизот ва асбобҳои симобдор ба ҷойҳои ғайрирасмӣ ва номаълум партофта мешуд ва дар натиҷа муҳити зист ифлос мегардид. Бо мақсади пешгирии ифлосшавӣ соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ба тавсиб расид. Моҳияти қарори мазкур тариқи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба аҳолӣ фаҳмонида шуд, вале то кадом андоза имрӯз сокинони вилоят аз он бохабаранд?

Бемасъулиятӣ аз куҷо сар мезанад?

Аз маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зист бармеояд, ки дар натиҷаи гузаронидани 2217 санҷиш 995 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 69,7 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд. Санҷишҳои гузаронидашуда собит сохт, ки ин раванд ба низом даромада бошад ҳам, вале на дар ҳама ҳолат ба қоидаҳои тасдиқгардида мувофиқат мекунад. На дар ҳама нуқтаҳои қабул баҳисобгирии чунин лампаҳо ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар миқёси вилоят 272 нуқтаи қабул, аз ҷумла дар корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо 52 ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳои калони саноатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ 220 нуқта мавҷуд аст. Бо мақсади ташкили нуқтаҳои қабул ва харидорӣ намудани қуттиҳои махсус танҳо 45,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки он нокифоя аст.

Хуршед Саидов – сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд:

- Таҷҳизоти махсуси тамғаи «ЭКОТРОМ - 2» истеҳсоли Федератсияи Россия барои безарар кардани лампаҳои каммасраф харидорӣ карда шуда, алҳол барои ба таври дуруст истифода бурдани он мутахассисон омода гардида истодаанд. Ҳамчунин, барои ҷамъоварии лампаҳои каммасрафи корношоям нақлиёти тамғаи «ПОРТЕР» харида шуд. Ин ҳама баҳри эмин доштани сокинони вилоят аз заҳролудшавӣ аст, зеро дар ҳолати дар ҷойи сераҳолӣ шикастани лампаи симобдор ҳаво заҳролуд шуда, ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад.

Варақаҳои иттилоотӣ паҳн шудаанд, аммо…

Мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд вобаста ба иҷрои қарори мазкур корҳои санҷишӣ, назоратӣ ва мониторингу фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Инчунин, дар бозор ва марказҳои савдои шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳазорҳо варақаҳои ташвиқотӣ ва навиштаҷотро паҳн намудаанд. Тавре сардори дафтари матбуоти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов иттилоъ дод, дар соли 2018 аз ҷониби мутахассисони шуъбаи таъминоти метрологӣ ва ташхисгоҳи маҳсулоти нафтӣ 1138 лампаи каммасраф аз ташхис гузаронида, 3 протокол тартиб дода шудааст. Аз миқдори умумӣ 129 адад ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ номутобиқ дониста шуд.

Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Марказ дар вақти гузаронидани санҷиш аз нуқтаҳои савдо ба миқдори 738 лампаи каммасрафи симобдор ошкор шуда, барои ташхис ба озмоишгоҳи шуъбаи санҷиш ва колибровкаи воситаҳои ченак супорида шуд. Натиҷа нишон дод, ки 708 адад аз рӯи нишондодҳои паст будани тавоноӣ ва тамғагузорӣ, яъне навиштаҷоти борҷома ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набуданд.

Новобаста аз гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби баъзе масъулон ва кумитаи маҳаллаҳо нисбат ба иҷрои қарори мазкур то ҳол саҳлангорӣ ба назар мерасад. Зеро на ҳама сокинони вилоят аз зараррасон будани лампаҳои каммасрафи симобдор бохабаранд.

Акмал Шодиев – сокини деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар - Дари ноҳияи Айнӣ:

- Бори аввал шунида истодаам, ки дар бобати безарар гардонидани лампаҳои каммасрафи симобдор қарор ё қонуне баромада бошад. Шахсан худи ман лампаи корношоямро ба партовҷо мепартоям. Хеле хуб буд, ки дар бобати оқибати нохуш доштани он ба аҳолӣ маълумоти бештар дода шавад.

Сабоҳат Эшонова – сокини ноҳияи Ашт:

- Акнун фаҳмидам, ки лампаи корношоям ба муҳити зист, алалхусус инсон зараррасон будааст. Азбаски лампаҳои каммасраф тез – тез аз кор мебароянд, онро ба партовқуттӣ мепартоям. Хеле хуб мебуд, ки масъулин барои чунин масолеҳ қуттиҳои махсус мегузоштанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh