Пешгирии коррупсия – вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд

Семинар - машварати вилоятӣ 

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинар – машварати вилоятӣ дар мавзуи «Пешгирии коррупсия – вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар вилоят ширкат варзиданд.

Семинар – машваратро котиби комиссияи ҷамъиятӣ Музаффар Бобоҷонов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши комиссияи ҷамъиятӣ дар мубориза бо коррупсия сухан ронд.

Муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии вилоят Зокирҷон Шарифов дар баромади хеш бобати иҷрои талаботи Қоидаи ҳаракати роҳ, муоширати кормандони БДА бо ронандагон, паст намудани омилҳои коррупсионӣ ва риояи қонунҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа гузориш дод. Мавсуф зикр дошт, ки давоми 9 моҳи соли равон аз тарафи кормандони БДА – и вилоят дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ ва  гузаронидани амалиётҳои махсус, амсоли «Бахус», «Пиёдагард» ва ғайраҳо 3456 қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд.

Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Набиҷон Раҳмонов коррупсияро амали хатарнок ва нангин номида, бобати иҷрои моддаи 74 – и Стратегия, ом=зиши барномаи зиддикоррупсионӣ, пешгирии коррупсия дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёна, миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус маълумот пешниҳод намуд.

- Ҳарчанд бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф корбарӣ пурз=р аст, вале дар 9 моҳи соли равон 8 ҳолати даст задании кормандони соҳа ба амалҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Алҳол дар муассисаҳои таълимӣ насби видеокамераҳо амалӣ гардида, дар назди Раёсати маорифи вилоят телефонии боварии 6 – 32 – 47 амал менамояд. Масъулони Раёсати маорифи вилоят кулли тадбирҳоро меандешанд, ки ин омили номатлуб дар муассисаҳои соҳа пешгирӣ гардад, - зикр дошт Набиҷон Раҳмонов.

Семинар – машварат бо баргузории муҳокима, баррасии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, роҳҳои пешгирии он ва пешниҳоди таклифу мулоҳизаҳои аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ ба фарҷом расид.

«Ҳақиқати Суғд»  

Add comment


Security code
Refresh