Ба Беморхонаи клиникавии вилоятӣ ба маблағи наздик 1,5 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид карда шуд

9 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилоятӣ аз ин муассисаи тиббӣ боздид намуд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба Беморхонаи мазкур чанд номгӯйи таҷҳизоти тиббии муосир дастрас карда шуд. Масъулини Раёсати тандурустии вилоят иброз доштанд, ки бо мусоидати роҳбарияти вилоят як адад таҷҳизоти рентгени рақамӣ, ду адад дастгоҳи нафаси сунъӣ, 5 адад чароғи бесояи ҷарроҳӣ ва 4 адад мизи ҷарроҳӣ ба маблағи наздик 1,5 миллион сомонӣ харидорӣ гардид ва ин таҷҳизот нисбат ба дастгоҳҳои пешин бартариҳои зиёд доранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми азназаргузаронии таҷҳизоти тиббӣ таъкид дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тибби мамлакат сол аз сол рушд намуда, ба муассисаҳои соҳа мунтазам таҷҳизоти замонавӣ ворид карда мешавад. Самараи чунин таваҷҷуҳ аст, ки қариб ҳамаи намуди бемориҳо дар дохили мамлакат табобат карда мешавад. Бо ворид гардидани таҷҳизоти нав шароити табобату хизматрасонӣ дар Беморхонаи клиникавии вилоятӣ боз ҳам беҳтар ва мутобиқи талаботи замон хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо табибон ҳамзамон изҳор дошт, ки ҷиҳати пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон диққати махсус зоҳир намуда, сатҳи хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд. Таъкид гардид, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати Беморхонаи вилоятӣ як толори варзишӣ, истгоҳи нақлиёту нуқтаҳои хизматрасонӣ бунёд хоҳад шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд яке аз бузургтарин беморхонаҳои вилоят маҳсуб ёфта, тибқи лоиҳа дорои 1000 кат мебошад. Дар 30 шуъбаи Беморхонаи клиникавии вилоятӣ наздик 1000 нафар кормандони соҳаи тиб барои нигаҳдории солимии ҷомеа фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh