Волоияти қонун масъулиятро пазиро бувад!

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар нӯҳ моҳи соли равон таҳти раёсати Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Прокурори вилоят зимни баромади худ қайд кард, ки кормандони мақомот баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура аз 13-уми марти соли 2018 баёнгардида фаъолиятро ба роҳ монда, корҳои муайянро дар доираи қонунҳои амалкунанда ба иҷро расонид.

Аз 8809 муроҷиати ба прокуратура воридгардида 2770 адад бевосита аз ҷониби кормандон баррасӣ гардида, 440 адади он қонеъ карда шуданд. Бо онҳо 485 санади эътиноии прокурорӣ қабул гардида, 205 қарори мақомоти тафтишотӣ ва таҳқиқ бекор ва 10 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар самти назорати умумии қонунгузориҳо дар бораи муроҷиатҳо, меҳнат, манзил, нафақа, замин, шаҳрсозию меъморӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, буҷет, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист, танзими асъор, анъана ва ҷашну маросим, пардохти маблағҳои қувваи барқу об ва дигар қонунгузориҳо санҷида, 4133 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор, бо санадҳои эътиноӣ 7936 ҳазор нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида, 59,2 миллион сомонӣ зарари моддӣ барқарор гардида, 593 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Ҳамзамон, бо ҳама самтҳои назорати прокурорӣ зарарҳои моддӣ ба маблағи 127,9 миллион сомонӣ, аз ин 67,8 миллион сомонӣ ба манфиати буҷети давлатӣ ва 60,1 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рӯёнида шуд. Зиёда аз ин, дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 262 (199) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 3909 (2086) гектар қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида, ба 192 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътирозҳо оварда шуд, ки аз ин 163 қарор вобаста ба қонунгузории замин мебошанд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар рафти санҷиши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳолатҳои вайрон кардани муҳлат бе баррасӣ мондан, аз натиҷаи баррасӣ хабар надодан дар фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо ошкор гардида, ба ҷавобгарии мухталиф кашида шудаанд. Нисбат ба 8 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

 Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба санҷиши қонунгузорӣ дар раванди бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаю муассиса ва ташкилот, назорати иҷрои қонунҳо вобаста ба ноболиғон ва ҷавонон, вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар самти назорати қонунӣ будани санадҳои судҳо роҷеъ ба парвандаҳои граҷданӣ, иқтисодӣ ва оилавӣ фикру андешаҳо баён гардиданд.

 Дар охир Прокурори вилоят мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Ҳабибулло Воҳидов изҳор намуд, ки минбаъд низ баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh