Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард

Субҳи имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамроҳонашро дар гузаргоҳи сарҳадии "Фотеҳобод" -и ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки ҳайати меҳмонон давоми рӯз дар машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар машқгоҳҳои низомии “Чорухдарон” ҷараён дорад, иштирок намоянд.

Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ, ки рӯзи 18 сентябри соли равон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир-2018" оғоз гардида буд, имрӯз ба анҷом мерасад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh