Ҷузъи муҳимтарини инфрасохтори шаҳрдорӣ

… Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

 Эмомалӣ Раҳмон

Бо чашми ҳақ мебинему бо дили пок эҳсос мекунем, ки ташкилотҳои обрасониву умуман, ҷумла хадамоту кормандони ба соҳаи об вобаставу масъул баҳри ҳаёту рӯзгори инсон пайваста азм доранду заҳмат мекашанд. Дар ин радиф обу обрасонӣ ва таъмини аҳолӣ бо об рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии замони муосири кишвари соҳибистиқлоламонро қавӣ мегардонад. Биноан, дар мамлакат барои фаъолияти пурсамари ниҳоди соҳавии обрасонӣ тамоми шароит муҳайёст. Аз ҷумла, дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, як корхонаи бонуфуз ва аз лиҳози иҷтимоӣ хеле муҳим - Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» фаъолият мебарад. Ин ниҳоди соҳавӣ фаъолияташро баҳри таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, корхонаҳои худмаблағгузор, ташкилотҳои буҷетӣ ва коммуналӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, насби ҳисобкунакҳо, бартараф намудани сарфи аз меъёр зиёди об нигаронида, ҳамчунин партовобро қабул ва ҷоришавии онро ба низом медарорад.

Дар ин навиштаҳо пеш аз ҳама онро таъкид кардан шояд, ки мегӯянд: ҳама муваффақият аз они Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» буда, симои ин коргоҳро нишон медиҳад. Аммо, чунонки мегӯянд, факт ҳамеша факт мемонад. Ҳамагӣ чанд муҳлати кӯтоҳи гузаштаро ба хотир оварем, бурду бохти ин коргоҳро аён месозад. Биёед, гармои тобистонро лаҳзае эҳсос намоем: ҳавои ниҳоят тафсон, вақтҳое буданд, ки дар биноҳои бисёрошёна об намеомад, сокинон ба чӣ азоби алиме рӯ ба рӯ шуданд? Ва ё худ, равиши об ғайриимкон гардидаву ҷумакҳои обравӣ хушкиданд. Кормандони хадамоти садамавии ин коргоҳ шаб то субҳ ба лойу гил печида, хатти ҷараёни обро барқарор намуданд, ба чӣ таърифу салламно лоиқанд?

Кормандони заҳматпешаи ин корхонаи бонуфуз оҷилан ва аз мушкилот наҳаросида, ба ҳаёти мо, сабзиши долу дарахтон, ба симои шаҳри Хуҷанд ҷон мебахшанд, об мерасонанду ҷонофаринанд.

Тадбирҳои муассир барои пешрафти кор, албатта, мусоидгаранд. Коргоҳи обу ташноб чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, ки бояд ба ҳаёти шаҳру шаҳрдорӣ, сокинони маскуни маҳаллаҳову микроноҳияҳо, боғоту долу дарахтон, гулу гулзорҳои канори роҳу кӯчаҳо ва хиёбонҳои дилнишин нерӯву таровати назаррабо бахшанд.

Мо ин ҷо аз рӯи таъкиди дар ҳар ҷабҳа таҳлили қиёсӣ муфид ояд, амал менамоем. КВДК «Хуҷандобуканал» чӣ дастовардеро соҳиб гардид ва кадом мушкилот пеш омад? Директори генералии он Носир Ғафурзода дар ин хусус мегӯяд:

-Дар ҳашт моҳи соли равон КВДК «Хуҷандобуканал» ба андозаи қариб 6 миллиону 665 ҳазор сомонӣ оби нӯшокӣ дастрас кардаву фурӯхтааст. Фаъолияти ин коргоҳ ба раванди муҳими фазои муҳити зист ва саломативу тандурустии ҳар узви ҷомеа нигаронида шудааст. Ин муомила ва тарзи корбарӣ бо партовобҳо – яъне ташноб мебошад. Факту рақамҳо дараҷаи заҳмат ва кӯшишу роҳандозии фаъолиятро дар мизони масъулият мегузоранд. Аз ин лиҳоз, соли равон ин коргоҳи мо ба миқдори беш аз 3 миллиону 400 ҳазор мукаабметр партовобро қабул кардааст. Умуман, дар ин марҳала 12 миллиону 975 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шудааст.

Рақамҳои натоиҷи ниҳоиро бо фоиз нишон диҳем, аён мешавад: пардохти корхонаҳои буҷетӣ 88 фоиз, саноатӣ ва худмаблағгузор 103, аҳолӣ 100, дар умум 94 фоиз маблағ ҷамъ оварда шудааст. Нишондиҳандаҳо дар ҳашт моҳи соли гузашта чунин нақш доштанд: ҳаҷми интиқоли оби нӯшокӣ 5 миллиону 880 ҳазор мукаабметр, истихроҷи партовоб 3 миллиону 634 ҳазор мукаабметр, хизматрасонии умумии коргоҳ зиёда аз 12 миллиону 948 ҳазор сомонӣ буда, аз ин 12 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда шуда буд. Пардохти коргоҳҳои буҷетӣ 96 фоиз ва аз аҳолӣ 99 фоиз маблағ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳамагӣ 97 фоизро ташкил медод.

Аз овардани ин рақамҳо аён мешавад, ки аҳолӣ дар истифодаи обу ташноб ва пардохти саривақтии он масъулият доштаву намунаи интизоми шаҳрнишинӣ ва шаҳрдорӣ зоҳир менамоянд.

Саволе ба миён меояд: корхонаҳои худмаблағгузор чаро соли гузашта ба кашолкорӣ роҳ доданд? Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки дар ҳама ҳолат таҷриба ва масъулият ҳамоҳанг буданро тақозо дорад. Дар ҳалли масъала тадбирҳои муассир нақши муҳим доранд. Барои дастрас намудани об ин коргоҳи муҳими соҳавӣ заҳмат мекашад. Бояд ба қадри заҳмати коргарон бирасид, ҳамкорӣ намуд, таваҷҷуҳ зоҳир кард. Имсол рафти кор чӣ гуна аст?

Нишондиҳандаҳои нимсолаи корхонаҳои худмаблағгузор самти беҳбудӣ дорад. Яъне, агар рақамҳои амалишудаи фаъолияти ин корхонаро бобати хизматрасонӣ зеҳн монем, аён мегардад: ба корхонаҳои худмаблағгузор дар ин марҳала дар ҳаҷми 37396 мукаабметр оби нӯшокӣ расонида шудааст. Ҳаҷми партовоби танзимгардида 642038 мукаабметрро ташкил медиҳад.

Ё худ, маблағи хизматрасонии иҷрошуда дар доираи 2 миллиону 796 ҳазору 876 сомонӣ қарор гирифтааст ва аз тарафи корхонаҳои худмаблағгузор беш аз 3 миллиону 912 сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 107 фоизро ташкил медиҳад. Аммо корхонаҳои буҷетӣ дар хусуси пардохтҳои истифодаи оби нӯшокӣ ва ҳаҷми партовоб ба 88 фоиз қарор гирифтаанд. Дар ин самт аҳолӣ бобати истифодаи оби нӯшокӣ ва ташноб муҳимияти фаъолияти муназзами корхонаро ба эътибор гирифта, маблағи истифодаи оби нӯшокӣ ва хизматрасонии партовобро саривақт пардохт менамоянд. Ин амал аз маданияти хуби шаҳрнишинии сокинон шаҳодат медиҳад.

Ҳоло яке аз масоили муҳим ин қарзҳои кредиторӣ боқӣ мемонад. Қарзҳои кредитории КВДК «Хуҷандобуканал» 1-уми сентябри соли гузашта 5 миллиону 66 ҳазору 512 сомонӣ буда, ин рақам дар 1-уми июли соли равон 5 миллиону 182 ҳазору 69 сомониро ташкил медиҳад. Ин рақам ба барқ ва андоз, хадамоти муҳофизаи «Востокредмет», маҷмӯи обрасонии «Хоҷа Боқирғон» алоқамандӣ дорад. Паҳлӯи дигари кор чунин аст: воридоти умумии корхона дар ин марҳала, яъне 8 моҳи аввали соли равон 12 миллиону 974 ҳазору 828 сомонӣ буда, хароҷоти умумии дар ҳамин даври соли ҳисоботӣ беш аз 12 миллиону 666 ҳазору 822 сомониро ташкил намудааст, ки фоидаи ба даст омада 8 ҳазору 355 сомонӣ мебошад.

Дар корхона ҳоло ба ҳисоби миёна 579 нафар заҳмат мекашанд, музди маоши миёнаи онҳо 1027 сомониро ташкил медиҳад, ки дар ҳамин даври соли гузашта 903 сомонӣ буд.

Аҳли заҳмат ва кормандони муҳандисиву техникии КВДК «Хуҷандобуканал» барои саривақт ва босифат таъмин кардани шаҳрвандон, корхонаву муассисаҳои шаҳр бо оби нӯшокӣ ва қабулу роҳӣ намудани ташноб – яъне партовоб бо камоли масъулият ва шинохти вазифадорӣ кору меҳнат мекунанд. Дар ин самт баҳри беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар ҳамаи иншооти обтаъминкунӣ ва боло баровардани об насосҳои обкаш аз муоина ва назорати техникӣ гузаронида, қисмҳои корношоями онҳо иваз карда, сари вақт тадбирҳои профилактикӣ роҳандозӣ мешаванд.

– Аз тарафи шуъбаи механикӣ 45 насоси чоҳҳои амудӣ аз таъмир бароварда, ба истифода дода шуд, - гуфтанд дар суҳбат мутахассисони корхона. – Корҳои таъмиру тармими техникӣ дар сехҳои кафшергарӣ ва харротии коргоҳ ба анҷом расонида, ҳатто насосҳо ҳам ба ҳолати корӣ баргардонида мешаванд. 24 насос, ки дар самти обрасонӣ ва ташноб басо муҳиму зарурист, таъмири хушсифат гардиданд. Дар ин бобат саҳми кормандони тахассусии техникӣ назаррас аст. Дар ҳамаи чоҳҳои амудӣ, нуқтаҳои обтаъминкунӣ, хатҳои обгузар таъмиру таҷдид гузаронида шуданд. Дар иншооти партовобкашии асосӣ ва болобардории об таъмири капиталӣ ба амал оварда, қисмҳои муҳими воситаҳои техникӣ ивазу нав карда шуданд.

Ба маълумот ва моҳияти татбиқи лоиҳаи бехатаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоби шаҳр зеҳн мемонем, ки марҳалаи сеюми он таваҷҷуҳамонро мерабояд. Тадбирҳое, ки бояд лоиҳа амалӣ гардонад – азнавсозии иншооти партовобтозакунии шаҳр, таъмир ва таҷдиди иншооти партовоббардори асосӣ, сохтмони иншооти партовобпартоии шаҳраки Обшорон (Водник), ивази лӯлаҳои партовоб, завод барои истеҳсоли гипохлорит, харидории мошин ва механизмҳо барои истифодабарӣ ва нигоҳдории техникӣ, таъмири ду ташхисгоҳ ва дигар паҳлӯҳои вобаста ба обрасониро бозгӯй аст.

Аҳли хизмати КВДК «Хуҷандобуканал» азми комил доранду амали нек. Басо фарох аст доираи кору пайкор ва хизматрасониҳои онҳо. Алалхусус дар самти амалигардонии тадбири муҳим - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”. Аз ин рӯ, ба фаъолияти ин коргоҳ комёбиву бурдборӣ таманно дорем.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh