Мулоқот бо интихобкунандагон

Дар шаҳру навоҳии вилоят мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон доир гардида истодааст.

Дар ноҳияи Деваштич мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Зуфар Исмоилзода бо интихобкунандагон ҷараён гирифт. Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода мулоқотро ифтитоҳ намуда, мавриди дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ҳарф зад. Зуфар Исмомилзода вакили Маҷлиси намояндагон кулли мардуми шарифи ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷашни фархундаи Истиқлолият табрик намуда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони кишвар, нақшаҳои дар пешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари мамлакат оид ба бунёди як қатор иншоотҳои бузург дар ноҳия, ба хусус хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой сухан кард.

Иштирокдорони мулоқот ба вакили мардумӣ бо саволу дархостҳои худ муроҷиат намуданд.

Чунин мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Муҷун бо иштироки бештари намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҷараён гирифтанд.

Лоиқ Тӯйчиев,
 ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh