Мулоқоте, ки маърифату масъулият физояд

Дирӯз дар маҳаллаи «Даштак»-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо иштироки занҳои фаъол вохӯрӣ доир гардид. Ҳадафи баргузории он шарҳу тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва баррасии масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, майл ба тамоюлҳои бегонапарастӣ  буд.

Вохӯриро муовини раиси Ҷамоат Инобат Тӯраева оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Шӯрои занони Ҷамоат маълумот дод. Таъкид намуд, ки бояд занҳо соҳиби маърифат ва масъулияти баланд бошанд, дар таълиму тарбияи фарзандон ба хато роҳ надиҳанд. Дар бобати мустаҳкамии оила саҳмгузор бошанд, тибқи қонунҳои имрӯзаи кишвар амал намуда, ҳаётро хушу босаодат гузаронанд.

Сипас мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти   давлатии   ноҳия   Дилбар   Осимова   иброз дошт, ки қонунҳо  бештар ба манфиати шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо таҳия шуда, он боиси баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум гардида, аз ташвиш ва хароҷоти зиёдатӣ бозмедорад. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд талаботи ин қонунро риоя намоем ва ба қонуншиканй роҳ надиҳем.

Муқимҷон АЛИШЕХОВ,
мухбири ҳафтаномаи «Хуҷанд»

Add comment


Security code
Refresh