Ҳомиёни саломатӣ

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ» ба муносибати Рӯзи кормандони тиб ҷаласа баргузор гардид. Ба ин муносибат дар даромадгоҳи қаср намунаи комёбиву дастовардҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ба намоиш гузошта шуд. Пеш аз оғози ҷаласа филми мустанад таҳти унвони «Пайванди наслҳо» пешкаши аҳли нишаст гардид.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандони соҳаи тандурустии вилоятро бо ин рӯзи саид муборакбод карда, аз дастоварду комёбиҳои меҳнатии бахши тандурустӣ ҳарф зад.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр дошт, ки соли равон табибон иди касбии хешро дар арафаи ҷашни таърихӣ – 27 солагии соҳибистиқлолии кишвар бо дастовардҳои меҳнатӣ таҷлил хоҳанд кард. Бо ин мақсад табибони ватандӯсту меҳанпараст бо ҷидду ҷаҳд меҳнат карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бо донишу хирадпешагӣ, дастони мӯъҷизаофар ва суханони нек саъйу кӯшиш менамоянд. Ҳанӯз аз даврони қадим соҳаи тандурустӣ дар байни халқ мақоми хоса дошта, бо асарҳои безаволи донишмандони тоҷик, ба монанди Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ҷаҳонро тасхир намуда буданд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳаи тандурустӣ дар шаҳру навоҳии вилоят садҳо иншооти бахши тандурустӣ қомат афрохта, дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти муосир мақомотҳои маҳаллӣ саҳми босазо гузошта истодаанд. Ҷавобан ба чунин ғамхориҳо дар ҳудуди вилоят ҳашт Барномаи миллӣ оид ба соҳаи тандурустӣ амалӣ гардида истодааст. Агар 10 -15 сол муқаддам барои рушди соҳаи тандурустӣ аз буҷаи вилоят дар як сол ҳамагӣ 9,4 миллион сомонӣ маблағ ворид гардад, алҳол он ба 391 миллион сомонӣ расидааст.

Раиси вилоят оид ба бунёди иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумлаи сад бинои хизматрасонии тиббӣ, марказҳои табобатӣ, Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, таъсиси шуъбаҳо дар беморхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом, 15 маркази саломатӣ ва 21 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳо, бо истифода аз сарпарастон барои беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ дастрасии 324 номгӯй таҷҳизоти муосири тиббӣ ва идомаи сохтмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.

Нисбат ба хизмати софдилонаи собиқадорон ва ҷавонони соҳа ҳарф зада, зикр дошт, ки ҳоло дар муассисаҳои тандурустӣ беш аз панҷ ҳазор нафар табибон фаъолият дошта, байни онон 9 нафар соҳиби унвони доктори илми тиб, 71 нафар номзади илми тиб, 43 нафар дорои мукофотҳои давлатӣ ва 14 нафар дорандагони медали Шараф фаъолият мебаранд. 16659 нафар кормандони миёнаи тиб ва 6359 нафар кормандони хурди тиб низ ёварони ҳақиқии табибони ҳозиқ мебошанд.

Раҷаббой Аҳмадзода оид ба дастгирии табибони ҷавон, давоми даҳ соли охир 25 нафар соҳиби унвони номзади илми тиб гардидан, комёбиҳо дар бахшҳои микроҷарроҳии чашм ва бемориҳои дил ва дигар дастовардҳо сухан ронда, аз нақшаҳои минбаъда ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳозиринро огоҳ сохт.

Барои хизмати софдилона, саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ, таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва мубориза барои тарзи ҳаёти солим ба муносибати Рӯзи табибон як гурӯҳ собиқадорони соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуда, суруду таронаҳо дар иҷрои ҳофизон анҷомбахши чорабинии вилоятӣ гардид.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh