Ҳадаф: Саҳм гузоштан дар ободии сарзамин

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорону саховатмандони ноҳияи Деваштич иқдомҳои созандаро пеш гирифтанд.

Пешвои миллат зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12-уми майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, таъкид карданд, ки соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва умуман он шахсоне, ки имконияти мусоиди моддӣ доранд, дар анҷом додани амалҳои нек, аз ҷумла корҳои ободониву созандагӣ аз қабили бунёди пулу роҳҳо, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, кашидани хатти об ва мактабу марказҳои хизматрасонӣ кӯшиши бештар намоянд ва бо ин амалҳои некашон дар ободонии Ватани азизамон саҳми назарраси худро гузоранд.

Соҳибкори маҳаллӣ аз Ҷамоати деҳоти Далёни ноҳияи Деваштич Садрӣ Файзиев, ки иштирокчии ин чорабинии сатҳи баланд буд, зикр намуд, ки бо мақсади саҳмгузорӣ баҳри ободии кишвари азизамон дар деҳаи Далён беморхонаи минтақавиро бунёд ва ба таври ройгон барои хизмат ба мардум пешниҳод менамояд.

Соҳибкор гуфтаҳои худро имрӯз дар амал татбиқ намудааст. Тавре маълум аст, бинои беморхона аз чор ошёна иборат мебошад. Тибқи нақша бинои мазкур дорои 40 кат барои беморон буда, он аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, касалиҳои дарунӣ, бачагона ва таваллудхона иборат аст. Айни замон ҷиҳати идомаи корҳои сохтмонӣ 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Масоҳати бинои сохташаванда 2400 метри мураббаъ буда, он ба маблағи наздик шаш миллион сомонӣ сохта мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона дар самти ҳифзи саломатии ҷомеа ва ҳалли мушкилоти сокинон мусоидат хоҳад кард.

Соҳибкори дигари Ҷамоати деҳоти Далён Раззоқ Раззоқов иқдоми дигарро бо дастгирии бародаронаш дар самти бунёди маркази хизматрасонӣ бо фарогирии чойхона, тӯйхона ва кошонаи ҳусн рӯи даст гирифтааст. Барои корҳои сохтмон 15 нафар сохтмончӣ ҷалб гардидаанд.

Маркази хизматрасонӣ аз се ошёна иборат буда, баъди баистифодадиҳӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Имрӯз дар ноҳияи Деваштич бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорону саховатмандон тариқи ҳашар корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh