Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад

13 июли соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо раванди корҳои бунёдкорӣ аз наздик шинос гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бо қарори Раиси вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардида, дар доираи ин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Зимни боздиди кории Раиси вилоят аз ноҳияи Деваштич иттилоъ дода шуд, ки соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи автомобилгарде, ки маркази ноҳияро бо шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пайваст менамояд, аз таъмири куллӣ бароварда хоҳад шуд.

Дарозии роҳи мазкур беш аз 16 км буда, паҳноии он 8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10 метрро ташкил медиҳад. Барои анҷоми корҳо дар ду марҳила 25 миллион сомонӣ маблағ равона карда мешавад.

Фармоишгари корҳо Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷроуд” мебошад. Дар доираи мумфаршкунии роҳ ҳамчунин чароғонкунии маҳаллҳои аҳолинишин ба нақша гирифта шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба маъсулин дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳоро ҳарчӣ зудтар оғоз намудаву ба анҷом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh