Қонунгузории меҳнат бояд риоя гардад!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шаҳрванде, ки қобили меҳнат мебошаду ба синну соли муайян расидааст, ҳуқуқ ба меҳнатро кафолат додааст ва тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад, бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва дар асоси шартномаи меҳнатӣ барои кор ризоият диҳад. Инчунин қонунгузор муқаррар намудааст, ки бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудан ҳамчун ҳодисаи риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат дониста шуда, барои чунин амал ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Воқеан ҳам ҳодисаҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат аз ҷониби корфармоён дар қаламрави вилоят кам нестанд ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд муваззаф аст, ки назорати риояи қонунгузории меҳнатро баррасӣ намояд.

Кормандони Хадамот бо мақсади риояи қонунгузории меҳнат аз шаҳри Конибодом дидан карда, як қатор ҳодисаҳои вайрон намудани қонунгузории меҳнат, ба монанди риоя нашудани низоми вақти корӣ ва талаботи меъёрҳои мавҷудаи қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва бехатарии меҳнат, бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудани кормандон ва дигар норасоиҳоро ошкор намуда, бобати бартараф намудани онҳо дастурҳои дахлдор доданд. Баъзе аз корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, барои бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудани ду нафар дар ошхонаи “Латифӣ”-и шаҳр роҳбари муассиса Ю.Юнусов ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҷарима карда шуд. Дар сехи дӯзандагии “Малика”, сехи тортбарории “Шириниҳои Тоҷикистон” ва ҶДММ “Афрӯз” ва ғайра низ риоя нашудани қонунгузории меҳнат ошкор ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Назорати риояи қонунгузории меҳнат самти асосии фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ маҳсуб ёфта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят кормандони ин ниҳод пайваста корҳои муайянро идома медиҳанд.

Н.СидДиқӣ,
мутахассиси пешбари Раёсати
 Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh