Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен

10 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногун, қабули шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти муҳимтарини иҷтимоӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни ин сафар Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Спитамен-Янгиобод-Андарсой оғоз бахшид ва бо сокинони минтақа суҳбати самимӣ анҷом дод. Раиси вилоят иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории сулҳу субот дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагӣ ҷараён дорад. Таъкид гардид, ки  барои бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст ва дар доираи ин иқдом баанҷомрасонии як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолону соҳибкорони ноҳия даъват намуд, ки барои ободонии маҳалли зисти худ ва бунёди иншооти иҷтимоиву марказҳои хизматрасонӣ саҳмгузор бошанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дарозии умумии роҳи мазкур 10,8 километрро ташкил дода, беш аз 2 километри он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш карда мешавад. Ин роҳ деҳаҳои Янгиобод ва Андарсойро бо маркази ноҳия пайваст менамояд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят дар деҳаи навбунёди Андарсой ба сохтмони мактаби наву замонавӣ санги асос гузошт. Мактаби мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, моҳи сентябри соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Тавре зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон иттилоъ дода шуд, мактаби нав барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст ва дар он барои таълиму тарбия шароити зарурӣ фаароҳам оварда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ бинои мактаб бо 920 ҷой бунёд карда шавад. Ҳамчунин мутасаддиён вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббиро дар маҳаллаи нав омода ва пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh