Ту танҳо нестӣ, дигар!

Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳамаи табақаи кишвар баробар зисту иқомат доранд. Аз ҷумла, маъюбон як ҷузъи ҷудонопазири ҷамъияти мо ба ҳисоб рафта, пайваста таҳти ғамхории давлату Ҳукумат қарор ва дар пешрафти кишвари маҳбуб саҳми назаррас доранд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба чунин қишри ҷомеа лоиқи таҳсин ва итминон аст, ки дар гӯшаи дили ҳар як маъюб чунин нидо садо медиҳад: Ту танҳо нестӣ, дигар!

Аз рӯҳафтодагӣ то ба зинаҳои баланд

Акмал Қодиров яке аз ҷавонони маъюбест, ки қаблан ба намуди гӯштини юнонӣ ва баскетбол машқу тамрин мекард. Дар дил умедҳои зиёд мепарварид. Орзу дошт, ки рӯзе қаҳрамон мешавад. Ба дастаи мунтахаби баскетболбозони шаҳри Истаравшан шомил буд. Мутаассифона, соли 2000 ба садамаи автомобилӣ дучор ва аз пои чап маҳрум гардид. Баъди он рӯзҳои сахт худро маъюсу аз ҳаёт дилмонда медид.

- Ба қисмат тан дода, гумон кардам, ки дигар аз уҳдаи шуғле намебароям. Рӯзе аз зиндагӣ ғамгин гашта, ба варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ба тамошо рафтам. Тамрини дастаи футбол мегузашт. Ногаҳон марде наздам омада бо ман суҳбат орост ва аз ҳамон рӯз дар ҳаётам гардиши куллӣ рух дод, - мегӯяд Акмал.

Номи ин марди накӯкор Искандар Тӯраев буда, ӯро ба намуди варзиши қадимаи дастхобонӣ даъват кардааст. Ӯ нахустин устодаш дар ин ҷода буда, худи Акмал ҳамон сол байни маъюбон чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Соли 2005 бо раиси варзишгарони имконияташон маҳдуд дар вилояти Суғд Зокирҷон Комилов шиносоӣ пайдо намуда, ӯро низ устод хонд. Шабу рӯз машқ кард ва ҳамон сол чемпиони Осиё гардид. Акмал ба шахсоне, ки бо ӯ ҳамтақдиранд, иброз медорад, ки набояд аз зиндагӣ дилгир бошанд.

- Солҳои охир толорҳои варзишӣ бисёранду мисли устод Зокирҷон Комилов кам нестанд, ки бо мо-маъюбон сару кор доранд. Моро рӯҳбаланд намуда, доимо таъкид медоранд, ки набояд худро нотавон ҳис намоем.

Дар ёд дорам, бо дастгирии Президенти «Ассотсиатсияи армстронги Тоҷикистон» Фарҳод Султонов соли 2010 дар чемпионатҳои ҷаҳонии давлатҳои Амрико, Булғория иштирок намуда, ҷоизадори ҷои сеюм гаштам. Шахси маъюб гумон мекунад, ки ӯ нотавон аст, ин гуфтаҳо маъно надорад, - илова мекунад ӯ.

Акмал борҳо дар мусобиқаҳо иштирок намуда, Парчами Тоҷикистонро байни чандин давлатҳо боло бардоштааст.

Ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумат

Акмал Қодиров соли 2007 ҳамчун варзишгари беҳтарини сол аз тарафи Сарвари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ гардида буд. Ба гуфти ӯ Сарвари давлат дар вохӯрӣ аз ҳолаш пурсон шуданд ва баъди фаҳмидани вазъи оилавиаш тӯйи арӯсии ӯ бо сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат баргузор шуд ва айни ҳол варзишгар соҳиби 3 фарзанди солеҳ мебошад.

Раиси варзишгарони имконияташон маҳдуд дар вилоят Зокирҷон Комилов иброз намуд, ки моҳи апрели соли равон чемпионати олимпии байни варзишгарони маъюб дар давлати Қазоқистон доир гардид. Дар он 29 нафар ширкат варзида, 8 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ насиби тоҷикистониён гардид, ки чунин дастовардро мавсуф аз ғамхориву дастгирии пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон медонад.

Ба гуфти Зокирҷон Комилов варзишгарон хеле хуб баромад намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд. Дар он намояндагони 12 давлат ширкат варзиданд, ки Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм гашт.

Алъон Акмал Қодиров новобаста аз маъюбиаш ба якчанд намуди варзиш, аз қабили вазнбардорӣ, дзюдои портерӣ, варзиши сабук, дастхобонӣ, баскетбол бо аробача машғул буда, худро варзишгари серсоҳа меҳисобад.

Бо пои дил - бо амри Ватан

Варзишгари дигар Қаҳрамон Мӯсобоев мебошад, ки соли 2004 бо амри тақдир дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳарду пояшро сармои шадид задааст. Дар натиҷа пизишкон ба хулоса омадаанд, ки пойҳоро бояд бурранд, то ба қисмати болои устухони пой таъсир нарасонад. Имрӯз Қаҳрамон аз ду пояш маҳрум аст. Тавре худи ӯ ба ёд меорад, дар айёми солим буданаш низ ба машқҳои дастхобонӣ, гурзбардорӣ ва шиноварӣ машғул будааст.

- Чанд муддат рӯҳафтода ва худро бекасу танҳо ҳис мекардам. Рӯзе ба варзишгоҳ рафта, маъюбонро дидам, ки ба варзиш машғул буданд. Дилам дубора ба ҳаёт гарм шуд. Хусусан, ошноӣ бо устодони варзиш Зокирҷон Комилов ва Акмал Қодиров ба зиндагиам маҷрои нави умедбахш ато кард, - мегӯяд Қаҳрамон.

Тавре аён гардид, Қаҳрамон Мӯсобоев дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардидааст. Пас аз маъюбиаш тӯли се соли аввал бо азобу машаққати зиёд машқу тамрин кард. Ӯ ягона варзишгарест, ки дар Тоҷикистон ба намуди варзиши шиноварӣ машғул аст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон сафар ва дар чемпионатҳо иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст.

- Мақсад дорам, ки соли равон ба Индонезия рафта, дар намуди варзиши шиноварӣ байни маъюбон иштирок намоям, - бо хушҳолӣ мегӯяд ӯ.

Қаҳрамон иброз дошт, ки мисли ӯ ва Акмал Қодиров барин варзишгарон, аз пой маҳрум бошанд ҳам, доимо омодаанд, бо пои дил бо амри Ватан иқдом карда, эътибори давлату миллатро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Кам нестанд шахсоне, ки мисли Акмалу Қаҳрамон бо амри қисмат маъюб гаштаанд. Ба гуфти ин ду қаҳрамони олами варзиш набояд рӯҳан шикаста шуд. Ба тамоми маъюбон мегӯем: Шумо танҳо нестед дигар! Мо бо шумоем!

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh