Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

7 июл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар ин ин рӯз 65 нафар бо 38 масъала ба Раиси вилоят муроҷиат карданд ва Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиатҳои шаҳрвандонро баррасӣ ва баҳри ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда масъулинро вазифадор намуд.

Пас аз анҷоми қабули шаҳрвандон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Раиси вилоят ҷаласаи фаъолони ноҳия баргузор гашт. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки баргузор намудани Рӯзи қабули шаҳрвандон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф аз он ҳалли мушкилоти сокинон дар маҳалҳо маҳсуб меёбад.

Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расуловро давоми шашмоҳаи аввали соли равон таҳлил намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, Раиси вилоят аз масъулин тақозо намуд, ки татбиқи босамари Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2016-2020-ро таъмин намоянд.

Раиси вилоят инчунин масъулинро ҷиҳати иҷрои нақшаи андозҳо, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, бунёди корхонаҳои нав ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фаъол намудани корхонаҳои коркарди шир, консерва, пахтатозакунӣ, дӯзандагӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, таъмини саривақтии деҳқонон бо оби полезӣ, бунёди боғи интенсивӣ, рушди соҳаи паррандапарварӣ ва бунёди гармхонаҳои замонавӣ вазифадор намуд.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона меҳнат намуда, ҷашни умумимиллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят чанде аз собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шахсиятҳои маъруф - Собир Очилов, Абдурауф Набиев ва Ӯрунбек Ҳамдамовро, ки ба рушди соҳаҳои фарҳангу кишоварзӣ нақши назаррас гузоштаанд, аёдат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои аёдат таъкид кард, ки дастгириву пуштибонии собиқадорони меҳнат ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо таҳти таваҷҷӯҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Зеро собиқадорон бо меҳнати софдилонаи худ умре барои ободии Ватан заҳмат кашидаанд. Дар навбати худ собиқадорон барои чунин таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh