Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯдакони маъюб кӯмакпулӣ тақдим кард

Бахшида ба Рӯзи маъюбон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб чорабинии идона доир гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ Раиси вилоят бо маҳсули дастони ҳунармандони маъюбиятдоштаву намояндагони муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди вилоят шинос шуд ва ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри осебпазири ҷомеа ёдоварӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон ба ин ва ё он минтақаи кишвар, аз ҷумла ба вилояти Суғд, аз ҳолу аҳволи ятимону маъюбон бохабар гардида, ба онҳо суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳанд ва туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим менамоянд.

Дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалӣ гардидани он дар вилояти Суғд пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳоло дар вилоят беш аз 47 ҳазор нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд ва онҳо аз ғамхории давлату Ҳукумат бархурдор мебошанд. Дар муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди вилоят дар ҳар иду айём дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру навоҳӣ, сарпарастон ва дигар шахсони хайрхоҳ кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Дар ин рӯз аз ҷониби Раиси вилоят ба 20 нафар кӯдакони маъюб кумакпуливу туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба чанде аз варзишгарон, ки дар мусобиқаҳои мухталиф иштирок намуда, соҳиби мақомҳои фахрӣ гардидаанд, мукофотпулиҳо тақдим гардид.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии муассисаҳои иҷтимоӣ тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ба ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди вилоят кӯмакпулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ  супорида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh