САХИРО АЗ АТО ЧИН НЕСТ ДАР ЧЕҲР…

ё иқдоми неки вакили халқ

-Ҳар амали некӯ, хайру саховатмандона, ки мо анҷом медиҳем, бешубҳа, аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, айни замон ба густариши раҳму шафқат дар байни аҳли ҷомеа, таҳкими муносибатҳои нек миёни одамон ва то андозае ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат мекунад, - таъкид намуданд Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар.

Дар ҷавоб ба ин дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат даҳҳо шахсони саховатпеша, соҳибкорон ба мардуми маҳалли зисти худ, шахсони танҳову бепарастор, ятиму эҳтиёҷманд кӯмак мерасонанд, ки ин, бешак, ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардуми диёрамон, ҳамчунин ҳар рӯз аз пештара ободтар гаштани шаҳру деҳоти кишварамон мусоидат менамояд.

Яке аз чунин инсонҳои сахопеша вакили Маҷлиси вакилони вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Моғиён», №26, шаҳри Панҷакент Раҳмонқул Каримов аст. Ин инсони ба хизмати мардуми диёри худ босадоқат имсол ният кард, маблағи баҳри Ҳаҷ омоданамудаи худро ба ҳалли мушкилоти халқи худ бубахшад. То ин дам сокинони маҳаллаи Меҳробод аз набудани трансформатор ва интиқоли номуътадили нерӯи барқ азият доштанд. Вакили мардумӣ ба маҳалла трансформатор насб намуда, чандин адад симчӯби нав ва хатти барқ кашид. Бо ҳамин манзили беш аз 120 хоҷагӣ аз нерӯи барқ пурнуру мунаввар гардид.

- Дар шаҳри Панҷакент иқдомҳои ватандӯстонаи фардони баору номус сол аз сол афзуда истодааст, ки бо амри дилу виҷдон ба амалҳои хайр даст мезананд ва баҳри обод гардидани як гӯшаи диёр, манзили зисти як нафар эҳтиёҷманд, лабханд задани як ятими маъсум саҳм мегузоранд. Як нафар аз чунин фардони шариф директори кулли Ҷамъияти саҳҳомии «Даврон» Раҳмонқул Каримов аст, ки дар доираи ваколатҳои вакилиаш амалҳои хайру саховатмандонаро бисёр анҷом додааст ва бо корҳои савоби худ дар дили мардум ҷой ёфтааст, - гуфт Умед Ҳабибзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент.

- Дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар самти қабули шаҳрвандон ва кӯмак расонидан дар ҳалли муаммоҳои онҳо, ҳамчунин дар арафаи Иди саиди Фитр амалҳои неки зиёд анҷом дод.

Некӯкориҳои вакили халқ Раҳмонқул Каримовро метавон бисёр номбар кард. Чунончӣ, чандин кӯчаву роҳҳои аз борону сел вайронгаштаи Ҷамоати деҳоти Шинг, дар маҷмӯъ зиёда аз 40 километр, бо иқдоми ин намояндаи халқ аз нав барқарору мумфарш гардиданд. Дирӯз низ бо дастгирии ӯ 1,5 километр роҳи селбурда аз нав барқарор ва мумфарш шуд. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Моғиён бо иқдоми ӯ ҳафт кӯпрук сохта, аз нав барқарор карда шудааст.

Чунонки мутафаккири бузург Алишери Навоӣ гуфтааст:

Ба пошидан чӣ нуқс ояд ба дарё,

Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр?

Ба иқдомҳои нек, ки ба ояндаи аз ин ҳам беҳтари Ватани азизамон нигаронида шудааст, ҳар як фарди кишвар бояд
саҳмгузор бошем.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh