Тухмҳои офтобӣ ва ҳасибҳои бирён

Ба таваҷҷуҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят

Баробари фаро расидани фасли гармо маҳсулоти хӯрока тез нобуд мешавад. Вале на дар ҳама ҳолат фурӯшандагон қоидаҳои оддии нигоҳ доштани маҳсулоти зуднобудшавандаро риоя мекунанд. Барои муайян намудани ҳолати меваю маҳсулоти хӯрока дар гармо ба бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд омадем.

Манзарае, ки дидем, ҳайратангез буд. Дар қади роҳи назди гузаргоҳи Маркази савдои «Шарқ» занон зери офтоби тасфон ба фурӯши маводи хӯрока, аз қабили тухм, ҳасиб, ҳандалаку харбуза ва дигар тармеваҳо машғул буданд. Наздиктар рафта, аз фурӯшандагон нарху навои маҳсулоти дар офтоб «пухтаистода» - ро пурсидем. Яке аз онҳо: 

- Тухми босифат аст, худи ҳозир овардем, - гӯён тухмҳоро пешкаш кард.

-Оё сифати тухм дар ин офтоби сӯзон вайрон намешавад? - пурсидем аз фурӯшанда.

- Ҳар рӯз дар ҳамин ҷо ба фурӯши тухм машғулам, нафарони зиёд мехаранду боре шикоят накардаанд. Шумо тухмро харед ва агар маъқул нашавад, биёред. Ваъда медиҳам, ки онҳо заррае аз таъсири офтоб вайрон нашудаанд.

Ростӣ, барои харидан аз ин намуди маҳсулот худдорӣ карда, роҳамро идома додам. То атрофи ошхонаи «Озода» ба ҷуз тухму меваҷот ҳасибҳоро низ дар болои миз мефурӯхтанд. Магар таркиби онҳо дар ҳарорати + 36 - 37 дараҷа вайрон намешаванд? Ба ин суол фурӯшанда чунин посух дод:

- Э, не-е, ин ҳасибҳо аълосифат ва ба гармӣ тобоваранд. То ин соат 20 - 25 дона фурӯхтам. Шумо ҳам харед, пушаймон намешавед.

Барои фурӯхтани маҳсулоти гӯштӣ кӣ назорат мебарад? Наход ягон нафар масъули бозор ва ҳамчунин духтуре, ки ба бозор вобаста аст, аз чунин бесарусомонӣ хабар надошта бошанд? Барои фурӯш ин тоифаи мардум дар даст чек доранд! Онро аз куҷо ва бо кадом роҳ гирифтаанд? Ё дидаву дониста, ин ҳолатро сарфи назар мекунанд?

Мусаллама Ҳомидова – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Субҳи барвақт барои аҳли оила тухмҳоро дар об ҷӯшонида додам. Пас аз чанд соат ҳама баробар қай кардем. Ба ҳайрат омадам, ки чаро ҳама бемор шудем. Духтарчаи ҳафтсолаам тасфи бадан пайдо карду ба беморхонаи сироятӣ бистарӣ шуд. Маълум шуд, ки сабабаш истеъмоли тухм будааст. Қариб се рӯз аҳли оила табобат гирифтем.

Соҳиб Абдуллоев – сокини шаҳри Гулистон:

- Аз бозор ҳасиб харида омадам. Азбаски писарчаам онро дӯст медорад, ҳамсарам ба қабати нон гузошту ба ӯ дод. Бегоҳ ҳолаташ бад шуду то субҳ қай кард. Ниҳоят ба беморхонаи сироятӣ рафтем. Дар роҳ ҳолати завҷаам ҳам бад шуд ва ӯ низ чанд маротиба қай кард. Дертар фаҳмидем, ки ҳасиби аз бозор харидаам сабаби сироятёбии фарзанду завҷаам гаштааст. Нархи ҳасиб арзон, аммо барои оилаам бемориро харидам.

Абдусаттор Қодиров – духтур - сироятшинос:

- Маҳсулоти хӯрокае, ки зери офтоби тасфон меистад, метавонад ба саломатии инсон зарар расонад. Бобати тухм ҳаминро бояд гуфт, ки он дар натиҷаи таъсири шуои офтоб палағда ва аз таъму намуди зоҳириаш маълум мешавад. Дар натиҷаи истеъмоли тухми вайроншуда шахс метавонад пас аз чанде қай кунад ва дар баъзе ҳолатҳо дарди шикам низ ба мушоҳида мерасад. Ба ҷуз харбузаю тарбузи латхӯрда ба намуди дигари тармева шуои офтоб таъсир намерасонад. Ҳасиб маҳсулоти гӯштӣ буда, дар офтоб гузоштани он кори хато аст. Аз ин лиҳоз, аз харидани маҳсулоти хӯрокаи дар офтоб ва ҷойи кушод истода худдорӣ бояд кард.

Масъулинро мебояд сари масъалаи мазкур чора андешанд, зеро ин ҳолат дар бозорҳои шаҳр зиёд ба чашм мерасад. Фурӯши маҳсулоти хӯрока бояд дар ҷойи пӯшида ва барои саломатӣ бехатар ба роҳ монда шавад. Аммо тибқи мушоҳидаҳо маълум гардид, ки фурӯшандагон ҳолатҳои санитариро тамоман риоя намекунанд. Аксарият ягон намуди ҳуҷҷат надоранд ва касе кафолат дода наметавонад, ки маводи хӯрока ба талабот ҷавобгӯ ё не! Кӣ ба ин посух мегӯяд?!

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh