Об омили бунёдкорист!

Об яке аз сарватҳои нодири табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он сахт марбут мебошад. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободӣ ва тозагӣ дида мешавад. Ҳаёти инсониро бидуни об наметавон тасаввур кард.

Қабули пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» мояи ифтихори бузург аст. Ин пешниҳод идомаи ташаббусҳои қаблии мамлакат буда, ҳадафи асосии он аз нав ба роҳ мондани ҳалли масъалаи муҳими глобалии об дар роҳи рушди ояндаи ҷомеаи башарист. Инчунин, ҳадафи дигари ин Даҳсола таъмини амнияти экологии сайёра ба шумор меравад. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО 122 давлати ҷаҳон дорои захираҳои оби ошомиданӣ ҳастанд.

Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии об яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Зиёда аз 50 дарёҳои калони манотиқи кишвар, ки аз обу яху борон маншаъ мегиранд, дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир доранд. Воқеан охирҳои асри ХХ ва аввалҳои асри ХХI давраи тағйирёбии иқлим, аз ҷумла гарм шудани сайёра, обхезию хушксолиҳо ва мушкилоти дигари экологӣ масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ҷаҳони имрӯза дар ҷои аввал меистад. Тоҷикистон барои амалисозии ин иқдомҳои пешгирифта ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор якҷо бо ҳамсоякишварҳо қудрати азим дорад.

Ҳамкорӣ барои истифодаи босамари захираҳои об дар амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувор мавқеи пешбарандаро касб намуда, талошҳои Пешвои миллат дар ин ҷода шоистаи таҳсинанд. Истифодаи сарфакоронаи об ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо вазифаи ҳар як инсони соҳибақл мебошад.

Малика Шодиева,
донишҷӯи факултаи забонҳои шарқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh