Қаноатмандии сокинон аз оббозигоҳ

Лозим ба ёдоварист, ки дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат 1 июни соли равон бо иштироки роҳбарияти вилоят оббозигоҳи соҳили рости шаҳри Хуҷанд мавриди  истифода қарор дода шуд. Дар он тамоми чораҳои бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ андешида шудааст. Нигоҳи сокинону меҳмонон ба оббозигоҳ баъди тармими он чӣ гуна аст? Бо суоли мазкур бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат гардидем:

Абдуқодир Холиқов, сокини шаҳри Хуҷанд:

-  Солҳои охир аз набудани мавзеи шиноварии бехатар сокинон маҷбур буданд дар ҷойҳои хатарноку ғайригигиенӣ оббозӣ кунанд. Имкони дар соҳили дарё шиноварӣ кардан набуд,  ки он хеле ба ҳаёти кӯдакону калонсолон хатаровар маҳсуб меёфт. Теъдоди ғарқшудагон низ сол то сол меафзуд. Аз ибтикори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода шукргузор ҳастам, ки имрӯз шароит хеле беҳтар шудааст. Дар ин мавзеъ ҷойи либосивазкунӣ ва катҳо барои дамгирӣ  сохта шуда, асосан дар фасли гармо макони истироҳатии ҳамагон шудааст.

Усмонов  Фарҳодҷон, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:

- Ҳар боре ба Хуҷанд оям, ҳатман барои оббозӣ вақт ҷудо мекунам. Ин бор ростӣ моро ҳаяҷону хушҳолӣ фаро гирифт, ки хеле ҷои хубу бехатар шудааст. Ба Президенти мамлакат ва Раиси вилоят сипосгузориамро мерасонам, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби зист ва истироҳат тадбирҳои амиқ меандешанд.

Нозимҷон Салимов, сокини ноҳияи Зафаробод:

- Тақрибан се сол ин ҷониб барои оббозӣ ҳамроҳи оила меоем. Шароит хеле хуб шудаасту барои оббозӣ ягон хавфе надорад. Фарзандонам аз телевизион огаҳӣ пайдо намуда, хоҳиш карданд, ки ба Хуҷанд оем. Ростӣ, пушаймон нестам, акнун ҳар  ҳафта нияти омадан дорем.

Ғолибҷон Парпиев, сокини шаҳри Душанбе:

- Ҳар сол тобистон  ба шаҳри Хуҷанд барои дамгирӣ меоям, имрӯзҳо  шароит нисбат ба солҳои пешин хеле хуб шудааст. Хусусан, тармими оббозигоҳ хурсандиии моро садчанд кард. Раҳмат ба суғдиён, ки бо маданияти баланд мо - меҳмононро истиқбол мегиранд.

Татяна Иванова, сокини шаҳри Хуҷанд:

-  Дар ҳақиқат хеле мавзеи оббозибоб асту аз ғарқшавӣ ва ҳар гуна ҳодисаҳо эмин аст. Ҳатто аз давраи Шӯравӣ ҳам хубтар шудааст. Ба роҳбарияти вилоят ташаккур мекунам ва  бо духтарону наберагонам тасмим гирифтем, ки минбаъд ҳар рӯз барои оббозӣ меоем.

 Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошта буд, ки дар бист соли охир чунин шиногоҳ бори аввал азнавсозӣ гардида, дар назар аст, ки дар шаҳр боз ду шиногоҳи аз фаъолият монда барқарор карда мешавад.

Набиюллоҳ Суннатӣ, 
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh