Амалиёти «Бачаҳо» оғоз шуд!

Ба диққати шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд

Бозрасии давлатии автомобили Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз санаи 15-ум май то 25-уми майи соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд амалиёти мақсадноки профилактики «Бачаҳо» гузаронида шуда истодааст.

Мақсади гузаронидани амалиёти мазкур ин баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла садамаҳои роҳу нақлиёти ҳалокатовар бо иштироки кӯдакону наврасон, ба танзим даровардани интизоми нақлиёт дар байни ронандагон, оиди риояи талаботи Қоидаҳои амалкунанда доир ба бехатарии дар роҳ, пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ноболиғон, наврасон, аз ҷумла идора намудани воситаи нақлиёт, велосипед ва дигар нақлиётҳои худгард, гузаштани роҳҳо аз ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, ҳаракати гурӯҳии онҳо, ошкор ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қатъиян риоя кардани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

Бинобар ин аз падар ва модарон, мураббиён, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, инчунин сокинони шаҳри Хуҷанд хоҳиш карда мешавад, ки дар давраи баргузории чорабинии мазкур, саҳми арзандаи худро гузоранд.

ШБДА  ШВКД 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh