Партов - сарчашмаи бемориҳо

Назорат баҳри ба ҷойҳои махсус партофтани партов ҳам аз ҷониби аҳолӣ ва ҳам корхона ҷиддӣ ва ҳатмист. Партов паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ буда, сари вақт тоза накардани партовҷо оқибати нохуш дорад. Баъзе ашхос партовҳоро ба назди ҷӯйбору канал, анҳору заҳбур, сари роҳу назди дари ҳавлиҳои худ мепартоянд, ки он ба саломатии ҳам калонсолону ҳам кӯдакон хатар дорад.

Аҳрулло Дӯстматов - духтури дараҷаи олӣ, пизишки амрози дарунӣ гуфт, ки партовҳо аз рӯи стандарти меъёри эпидемиологӣ хатарнок ҳисобида мешаванд. Партовҳо ба якчанд намуд ҷудо мешаванд: хатарнок, бехатар, кимиёвӣ ва радиактивӣ. Партовҳое, ки истиқоматкунандагон ба ҷойи махсус намепартоянд, оқибатҳои хатарноки ба саломатии инсон зараррасон доранд. Партове, ки дар сари роҳ партофта мешавад, ба вайрон шудани муҳити экологии зист оварда мерасонад ва агар нафаре, ки дар он макон сайругашт дораду дар худ бемориҳои роҳи нафас, аз он ҷумла бодигармӣ ва бронхити музмини бодигармӣ дошта бошад, ба баланд шудани ҳассосияти онҳо ва ба авҷи бемориаш оварда мерасонад. Боиси нигаронист, ки имрӯз мардум бо роҳи худмуолиҷакунӣ аз сӯзандору истифода бурда, онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё ҳамроҳи партовҳояшон дар қадди роҳ мегузоранд, ки ин аз партовҳои хатарноктарин ба саломатии инсон ва паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Бар замми ин, кӯдакон метавонанд сӯзандоруро гирифта бо он бозӣ кунанд, ки ин амал метавонад хатари ҷиддӣ ба саломатии онҳо расонад.

Конибодом: Мардум аз шартномабандӣ даст мекашанд!

Тавре директори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Фарҳод Орифов мегӯяд:

- Имрӯз яке аз муаммоҳои ҳалталаб дар соҳаи мо, масъалаи партов аст, зеро аксар аҳолии шаҳр барои бастани шартнома розӣ нестанд. Солҳои пеш ба ин масъала он қадар эътибор дода намешуд ва дар ин бобат нофаҳмиҳои зиёд ба миён меомаданд. Алҳол 43 фоизи аҳолӣ шартнома бастаанду боқимонда онро намехоҳанд, бинобар он аз 22-юми январи соли равон амри раиси шаҳр ба тавсиб расидааст, ки аҳолӣ бояд ба пуррагӣ бо Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» шартнома банданд. Дар ҳолати саркашӣ намудан чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бояд қайд кард, ки алҳол дар 6 Ҷамоати деҳот зерсохтори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ташкил гардида, имрӯз мақсаднок фаъолият доранд. Алҳол масъалаи мазкур ҳалли худро ёфта истодааст ва аҳолӣ зарурати бастани шартномаро эҳсос карда истодааcт. Баҳри амалигардонии амри раиси шаҳр 6 зерсохтори корхонаи мазкур дар байни аҳолӣ тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, зарурати бастани шартномаро маънидод карда истодаанд. Бо вуҷуди он ки ашхоси аз бастани шартнома саркашӣ карда партовҳои худро ба як ҷойи муайян ва ё дар сари роҳ нисфи шаб бароварда мепартоянд, кормандони корхонаи мазкур омада он ҷойҳоро тоза мекунанд. Ба қадри заҳмату хизмати онҳо бояд расид.

Сокини шаҳр Латофат Хайриева (бо хоҳиши зан ному насабаш тағйир дода шуд) бобати аз бастани шартнома саркашӣ кардани худ гуфт, ки имрӯз дар оила 7 нафаранд ва барои ҳар нафар 72 сомонӣ маблағ супоридан шароит надорад. Мардони оила дар муҳоҷирати меҳнатианду занҳо хонашинанд. Аз ин боис ба шартномабандӣ розӣ нест.

Нафақахӯр Абдувосит - амаки 72-сола гуфт, ки зарурати бастани шартнома ба хотири беҳбудии аҳолӣ аст, зеро масъулин сари вақт омада тамоми партовҳоро сарҷамъ мекунанд. Дар сари роҳ ва ҷойи ҷамъиятӣ партофтани партов кори хуб нест, вале ин амал ба назар мерасад. Аз ин боис бояд шартнома баста, сари вақт маблағашро супурд. Ҳамчун нафақахӯр ҷонибдор ҳастам ва чанд моҳ пеш бо Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» шартнома бастам. Имрӯз бе мушкилӣ ва муаммо сари вақт партовҳои дар ҳавлиам ҷамъшударо мебаранд.

Имрӯз 60 нафар корманди коргоҳ ҷаҳд бар он доранд, ки ҳудуди шаҳрро аз партов тоза карда, намуди зоҳирии шаҳру ҷамоатҳоро беҳ гардонанд. Дар шаҳр 74 қуттии партов гузошта шудааст ва ҳафтае як маротиба 4 нақлиёти махсус партовҳоро ҷамъоварӣ мекунад. Дар маркази шаҳр бошад, ҳар рӯз партовҳо аз ҷониби корхона тоза карда мешавад. Новобаста аз шартнома бастан ё набастани мардум намуди зоҳирии шаҳр хеле ободу зебо асту масъулини Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» фаъолияташонро хуб ба роҳ мондаанд.

Мастчоҳ: Қуттиҳои партов намерасанд!

Дар ноҳияи Мастчоҳ масъалаи партовбарорӣ нигаронкунанда аст. Дар аксар мавзеъ, алалхусус, дар маркази ноҳия ҳолати қуттиҳои партов хароб буда, онҳо аз партов пур, ҳатто дар баъзе кӯчаҳо партовро мардум дар сари роҳ партофтаанд. Шояд масъулин нисбат ба сарҷамъ кардани партов беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд? Доир ба ин масъала муовини раиси ноҳия Солеҳиён Шавкат Ҳакимӣ гуфт, ки ҳар ҳафта дар ноҳия бо иштироки кормандони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаву ташкилотҳо шанбегӣ гузаронида мешавад. Аммо бо сабаби номусоидии обу ҳаво ҳафтаи гузашта шанбегӣ гузаронида нашудааст. Дар як рӯз як маротиба дар ноҳия партовро ҷамъ мекунанд.

Вале, дар асл ҳолат тамоман дигар аст.

Дар сӯҳбат мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имрӯз дар ноҳия 100 қуттии партов намерасад. Бояд гуфт, ки номусоидии обу ҳаво сабаб шуда наметавонад. Шояд сабаб дар саҳлангории кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия бошад?

Дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия сагҳои дайду хеле зиёд ба назар мерасанд, то ҷое, ки кас дар кӯча гаштан ҳарос пайдо мекунад. Бар замми ин сагҳо дар ҷойҳое, ки партов зиёд аст, ҷамъ омада, лашу лушро ҳар сӯ кашолакунон мебаранд. Ин манзара касро ба андеша водор месозад, ки наход масъулин ҳамин ҳолатро намедида бошанд? Шояд будани сагҳои дайду барои сокинон ягон муаммо надошта бошад, лекин меҳмононе, ки ба он ҷо ташриф меоранд, мумкин аст аз дидани галаи сагҳо ба ҳарос оянд.

Ба ҳар ҳол умед бар он мебандем, ки аз кӯчаҳои ноҳияи Мастчоҳ партов ба пуррагӣ бардошта мешаваду муаммои сагҳои дайду ҳалли худро меёбад ва дар шаҳри Конибодом бастани шартнома ба эътидол омада, сокинон сарҷамъона барои тозагии муҳити зист саҳмгузор мешаванд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh