Хуҷандро аз магасҳо наҷот мебояд!

Баҳори тозапайк ҳам расиду шикояти бесобиқаи сокинону меҳмонони маркази вилоят бобати аз пештара бештар шудани тӯдаи магасчаҳо ҳар рӯз ба гӯш мерасад. Албатта, ин ҳашароти кӯчак табъи сокинон, хусусан сайёҳонро хира месозад, ки аксарияти онҳо шикоят маҳз аз ин вазъ доранд. Бешак, ин масъалаи доғ метавонад боиси рӯ тофтани сайёҳону меҳмонони дигар манотиқ аз маркази дилфиреби Шимоли Тоҷикистон гардад. Мубориза алайҳи магасҳоро аз имрӯз бояд оғоз кард. Саволи аҷибе пеш меояд, ки чӣ тавр?

Ҳашароти хурду муаммои бузург

Шояд дар назар мавзӯи хандаовар тобад. Аммо чандин меҳмонону сайёҳонеро дидем ва ҳамсӯҳбат шудем, ки аз зиёдии магасчаҳо шикоят доштанд. Зеро, ба қавли ҳамсуҳбатон ва пирони рӯзгордида имсол магасҳо хеле зиёдтар ба чашм мерасанд. Аксарият бим аз он доранд, ки ҳанӯз аввали баҳор аст. Ин дар ҳолест, ки нисбат ба солҳои гузашта тӯдаи магасҳо хеле зиёдтар ба чашм мерасанд. Агар ҳол чунин аст, дар тобистон аҳвол шояд аз ин ҳам ваҳимтар шавад?

-Шаҳр воқеан зебову дилрабост. Боби тамошо аст. Аммо як камбудии табиӣ дорад, ки магасҳояш нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон хеле ва хеле зиёданд, - мегӯяд Алишер Ҳамдамов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки чанд рӯз меҳмони Хуҷанд буд.

Эдвард Голфман, ки аз кишвари Дания соли 2013 барои саёҳат омада буд, ин нуктаро такрор ба такрор ба мо таъкид мекард.

-Хуҷанд дар феҳрасти зеботарин шаҳрҳои Осиёи Миёна, шояд дар панҷгонаи аввал истад. Ин, албатта, фикри ман аст, чунки бисёр шаҳрҳоро дидаам. Аммо ростӣ, магасҳои хеле дилгиркунанда дорад, ки ман ҳеҷ натавонистам бо онҳо муросо кунам. Ҳангоми газиданаш хоришаки обиладор дар пӯстҳоям мушоҳида кардам, ки хеле нигаронам, -гуфта буд Эдвард.

Ба суоли он ки оё ба дӯстонатон Хуҷандро тавсия медиҳед, номбурда бо ханда мегӯяд, ки шаҳрро «ҳа» ва аммо магасҳояшро «не». Аврупоиҳо аз бемориҳои пӯст хеле тарс доранд. Ҳол он ки мо кайҳо бо магасҳо, ҳарчанд дилбазан бошанд ҳам, унс гирифтаем ва одат низ кардаем. Билохира магаси кӯчак метавонад ба рушду нумӯи соҳаи сайёҳии мо латмаи ноаён, аммо муҳлик ворид кунад.

Магасҳои Made in Khujand

Суоле ба миён меояд, ки магасчаҳои дилбазану бетамиз дар гузашта низ дар Хуҷанд буданд? Онҳо кай ва чӣ гуна пайдо шуданд? Оё имкони бо магасчаҳо мубориза бурдан вуҷуд дорад? Тадқиқоти таҷрибавии мо исбот кард, ки воқеан роҳи мубориза бо магасчаҳо вуҷуд дорад.

Файзулло Атохоҷаев-собиқадори матбуот, ки ин мавзӯъро солҳо пайгирӣ намудааст, мегӯяд, ки то солҳои 70-уми асри ХХ дар Хуҷандшаҳр умуман магасчаҳо вуҷуд надошт. Пайдоиши магасро мавсуф дар беамон қиру нобуд кардани қамишзори паҳнои Галамайдон то ба Деҳмой, ки онро мардум Таги тангӣ ё Тӯқай мегӯянд, рабт медиҳад.

-Шурӯъ аз соли 1975 колхозҳои ба номи «Фрунзе», «40-солагии Октябр» ва «Роҳи Ленин» барои кушодани заминҳои иловагӣ аз ҳисоби қамишзори соҳили чапи Сирдарё дар мавзеи Галамайдон иқдом карданд. Мутаассифона, ин кор як ҷанбаи мусбату даҳ ҷанбаи манфӣ ба бор овард. Зеро, дар натиҷаи беамон қиру несту нобудкунии қамишзор ва табиати худсабзи соҳили дарё тамоми магасчаҳои алафӣ ба шаҳр кӯч бастанд. Азбаски Хуҷанд шамоли сахт дорад, айнан ба самти шамол ҳамаи магасчаҳо ба ин ҷо омаданд,-мегӯяд Атохоҷаев.

Аммо баъзе рӯзгордидаҳо пайдоиши онро ба партовгоҳи Рухак дар замонҳои Шӯравӣ алоқаманд медонанд, ки он танҳо магаси сиёҳи калон дошту халос.

Бармеояд, ки кушодани замин аз ҳисоби тӯқайзори ин мавзеъ ба рушди шолӣ мусоидат карду мутаассифона, шаҳрро зери пашшаву магасчаҳои навъи мағилмак гузоштааст.

Як ҳолати аҷиб, дар кӯча борҳо шоҳиди он шудаем, ки ҳама дар гармои тобистон аз ҷои тафсону сӯзон намегурезанду баръакс аз магас паноҳ меҷӯянд…

Мубориза бар зидди магасҳо оғоз шуду…

Аз варақаҳои таърихии начандон дур бармеоянд, ки котиби якуми Ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод Рифъат Ҳоҷиев (рӯҳаш шод бод) баъди ба Хуҷандшаҳр ҳуҷум кардани магасчаҳо дар яке аз маҷлисҳои бюрои ҳизбӣ супориш дода буд, ки бо ҳар роҳу усули имконпазир бар зидди магасу пашшачаҳо муборизаро ба роҳ монанд.

Коршиносон ва мутахассисон ба хулосае омаданд, ки бо усули биологӣ дар инкубатсияҳо парвариш кардани сӯзанак ва ба фазои шаҳр сар додани он метавонад тӯдаи магасҳоро кам созад. Воқеан, тадбири мазкур таҷриба гардид ва самараи дилхоҳ низ ба даст оварда буд.

Шоҳидон мегӯянд, ки теъдоди магасчаҳо хеле кам шуда, ҳатто, дар солҳои аввали мубориза воқеан шаҳр аз магас тоза гардид.

Шояд беэътиборӣ муҷиб гардид, ки солҳои охир, бахусус баҳори имсол тӯдаи магасчаҳо зиёд гаштаанд.

Сочи: чӣ гуна дар мубориза бо магас муваффақ шуданд?

Тақдири Хуҷанд дар бобати магасчаву пашшаҳояш бо шаҳри Сочи якхела аст.

То Инқилоби Октябри соли 1917 шаҳри Сочии Федератсияи Россия бадтарин ва даҳшатноктарин макон маҳсуб меёфт. Дар давраи ҳукумати подшоҳии Русия афроди гунаҳкорро ба шаҳри Сочи бадарға мекарданд. Медонистанд, ки агар касе ба Сочи бадарға шавад, зинда намемонд. Зеро, пашшаву магасҳои хеле зиёди заҳролуду касалиовар вуҷуд дошт, ки инсонро дар як моҳи расо аз по меафтонид ва тадриҷан ба марг мувоҷеҳ месохт. Ба ин хотир, ҳукми бадарғаи Сочи бадтарин ҳукме буд, ки аз ҳукми ҳабси абад ҳам ваҳмовартар маҳсуб меёфт.

Тавре аз ҳуҷҷатҳои таърихӣ бармеояд, шурӯъ аз соли 1909 мубориза алайҳи магасчаҳову пашшаҳо дар Сочи шурӯъ шудааст. Бояд гуфт, банда, ки ду бор сафари Сочи намудаам, ин ҳолатро аз сокинон, коршиносон ва, ҳатто, идораи беҳдошти санитарии шаҳри Сочи пурсон шуда будам.

Сараввал коршиносон бар зидди магасчаҳо кӯршабпаракро истифода бурданд, ки натиҷаи хуб надод. Баъдан олим-зоологи шинохтаи рус Николай Анатолйевич Костарев саршумори моҳии навъи гамбузаро дар обҳо ва парваришгоҳҳо зиёд кард. Чунки беҳтарин хӯроки ин навъи моҳӣ дар рӯйи об доштани магасчаҳо мебошад ва одатан дар ҷойҳои сералаф шино карданро дӯст медорад, ки айнан макони пашшаву магасҳои мағилмак аст. Мавсуф дар натиҷаи омӯзиш ба хулосае омад, ки теъдоди ҳашароти орумонанди трихограммаро дар лабораторияи махсус парварида, бар зидди магасҳо истифода бурдан ба манфиати кор аст. Воқеан, ин тадбир кор дод. Трихограмма ба шумули ҳашароти даррандахислат дохил мешавад ва одатан дар як рӯз зиёда аз 70 ҳашароти дигарро мехӯрад. Ба инсон кордор нест ва дар як рӯз зиёда аз 200 магасро хӯрда метавонад. Ба ғайр аз ин, тамоми ҳашароте, ки ба ғалладонагӣ ҳуҷум мекунанд, хӯрда несту нобуд месозад. Дар таҷрибаи кишоварзии Аврупо трихограмма, хеле фаровон истифода ва, ҳатто, дар фермаҳои махсус парвариш ёфта, фурӯхта ҳам мешавад. Трихограммаро дӯсти кишоварзон мегӯянд.

Ба ғайр аз ин, то соли 1949 мубориза алайҳи магасу пашшаҳои заҳролуд бо усулҳои кимёвӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шуд, ки самараи дилхоҳ дод. Аз ҳама натиҷаи назаррас истифодаи маводи кимёвии ДДТ буд, ки на фақат магасчаҳоро несту нобуд кард, балки ҳатто тухми онҳоро дар қабати алаф низ ба нестӣ бурд.

Тавре аз маълумот бармеояд, маводи кимиёвии ДДТ ба саломатии инсон чандон зарари ҷиддӣ надошта, танҳо каме дарди сари муваққатӣ мекардаасту халос. Бо вуҷуди ин, мутахассисон мегӯянд, ки ҳангоми истифодаи ДДТ чашму даҳону бинӣ бояд руст карда шавад.

Бо ин роҳ Костарёв тавонист, ки Сочиро аз пашшаҳои заҳрогин ва магасчаҳои мағилмак озод кунад ва номаш ҳамчун «Падари Сочи» дар таърихи ин шаҳр боқӣ мондааст. Имрӯзҳо Сочи беҳтарин ва намунавитарин шаҳри сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ мешавад, ки солона миллионҳо рубл ба буҷаи ин кишвар ворид месозад.

Хуҷанд Тирози ҷаҳон аст!

Аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар Осиёи Миёна Хуҷанд мақоми хос дошта, чун Тирози ҷаҳон маъруф аст ва яке аз марказҳои тиҷорат дар Шоҳроҳи Абрешим мебошад. Табиати афсункору диловез ва зардолуи овозадораш кайҳо диққати кишварҳои хориҷаро ҷалб кардааст. Аммо муаммои рақами яки шаҳри Хуҷанд магасчаҳои мағилмак боқӣ мемонад.

Агар дар Сочи бо магасчаву пашшаҳои касалиовараш муборизаи беамон бурда намешуд, шояд имрӯз ягон сайёҳе ба ин шаҳр намерафт. Сабзу шукуфоияш низ бо сабаби бемагасӣ ва беҳашаротиаш аст.

Аз ин лиҳоз, маркази Шимоли Тоҷикистон – Хуҷанд дар сурати муборизаи беамон бурдан бо магасчаҳо метавонад аз Сочи ҳам гузарад.

Дар қадами аввал бояд зоологҳо ва мутахассисон парвариш ва ҳарчӣ бештар паҳн кардани сӯзанак ва трихограммаро ба таври оҷил ба роҳ монанд.

Дар қадами дуввум бояд бо маводи кимиёвии ДДТ муборизаро бо магасҳо эълон намуда, мисли солҳои 40-ум дар Сочи таҷрибаи дезотряди (дастаи безараргардонӣ) ихтиёрии педагогӣ ва синфҳои болоии мактабиро ба роҳ бояд монд. Инчунин, чунин даста аз ҳисоби донишҷӯён, фаъолони маҳалла ва аҳли ҷамоатчигӣ ташкил шавад ва ҳар ҳафта шанбегии умумии безараргардонӣ доир ва ба тамоми алафзору кабудизорҳои шаҳр, канораи шаҳр, соҳили дарё ва дигар минтақаҳои сабз маъракаи пошидани ДДТ баргузор карда шавад. Ногуфта намонад, ки коршиносон ва химикон барои несту нобудкунии ҳашарот ин маводи кимиёвиро беҳтарин меҳисобанд. Фақат як муддат то боришоти борон алафҳои химияшударо ба гову гӯсфандон набояд дод.

Ин иқдом метавонад беҳтарин туҳфа барои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шавад, ки дар як мавсим метавон Хуҷандро аз магасчаҳои мағилмак озод намуд. Дар он сурат дигар шикояти сокинону меҳмонону сайёҳонро бобати ҳашароти дилбазан нахоҳем шунид. Итминон аст, ки сафи сайёҳон дучанд хоҳанд афзуд.

 Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh