Раиси вилоят бошандагони Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодомро бо Иди Наврӯз табрик гуфт

Дар шаҳри Конибодом низ чун дигар минтақаҳои вилоят тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфтанд. Рӯзи якшанбеи 18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврӯзии сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф овард.

Зимни боздид аз шаҳри Конибодом Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сараввал аз Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом дидан кард ва бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро ба Иди Наврӯз табрик намуда, афзуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ пайваста ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар зимн Раҷаббой Аҳмадзода масъулини Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодомро вазифадор намуд, ки тарбиятгирандагонро чун фарзанди худ нигоҳубин ва парасторӣ намоянд. Ба роҳбарияти шаҳр низ супориш дода шуд, ки рӯзи 20 март барои тарбиятгирандагони парваришгоҳ чорабинии идонаи наврӯзӣ ташкил намояд. Дар ин рӯз ба муассисаи иҷтимоӣ аз ҷониби Раиси вилоят туҳфаҳои идона супорида шуд.

Бошандагони муассисаи иҷтимоиро ҳамчунин аҳли зиё ва ходимони давлативу ҷамъиятӣ, ки дар сафар Раиси вилоятро ҳамроҳӣ менамуданд, ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз табрик гуфтанд. Аз ҷумла, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зимни ироаи паёми табрикии худ мужда расонид, ки ба Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом ба маблағи 4 ҳазор сомони китобҳои бадеӣ дастрас карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом бештар аз 80 нафар аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh