Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти муассисаҳои тиббӣ

Рӯзи 13 марти соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тиббӣ аз як қатор беморхонаҳо боздид намуд.

Раиси вилоят нахуст бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд шинос гардид. Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд яке аз бузургтарин беморхонаҳои вилоят маҳсуб ёфта, тибқи лоиҳа дорои 1000 кат мебошад. Дар 30 шуъбаи Беморхонаи клиникавии вилоятӣ наздик 1000 нафар кормандони соҳаи тиб барои нигаҳдории солимии ҷомеа фаъолият мебаранд.

Дар аснои шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки таҷҳизоти тиббии мавҷуда бояд самаранок истифода гардад ва барои ташхиси беморон аз дастгоҳҳои наву замонавӣ истифода бурда шавад. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти муассисаи тиббӣ супориш дод, ки сатҳи хизматрасонии тиббиро беҳтар намуда, муносибати миёни табибону беморон зери назорат гирифта шавад. Зеро шахси бемор пеш аз ҳама ба муносибати хуб эҳтиёҷ дорад.

Раиси вилоят ҳамзамон вазъи ободонии гирду атрофро мушоҳида намуда, аз ҳолати ғайрисанитарӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани чароғонкунии ҳудуди беморхона изҳори нигаронӣ намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати ободонии атрофи беморхона чораҷӯӣ намоянд.

Дар мулоқот бо табибон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи тандурустӣ сол ба сол беҳтар гардида истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ аз буҷети вилоятӣ ба ин соҳа беш аз 400 миллион сомонӣ равона гардидааст ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола барои харидориву дастрас намудани таҷҳизоти тиббии замонавӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Таъкид гардид, ки дар Беморхонаи клиникавии вилоятӣ дар қатори пешравиҳо ҳамчунин камбудиҳо низ ба назар мерасад. Дар ин росто аз таъмирталаб будани 13 амалиётхона ва суст ҷараён доштани корҳои ободонӣ ёдоварӣ карда шуда, ба масъулин дастур дода шуд, ки камбудиҳоро сари вақт бартараф намоянд.

Сипас, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд боздид намуд. Дар оғози боздид Раиси вилоят бо лоиҳаи бинои иловагии марказ шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, бинои иловагӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад ва он аз 4 ошёна иборат буда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан дар он шуъбаҳои гуногуни ташхисиву табобатӣ ҷойгир карда мешаванд. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо лоиҳа ба масъулин тавсия дод, ки бинои сохташаванда бояд бо тарҳу намуди зебо ва ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯ бунёд карда шавад. Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулини соҳаи тандурустии вилоят супориш дод, ки мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб карда шаванд ва ҷиҳати таҷрибаомӯзии онҳо дар давлатҳои пешрафта тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолият накардани томографияи магнитии рақамии резонансӣ изҳори нигаронӣ намуд. Бо назардошти зиёд будани талабот ба ин намуди дастгоҳи тиббӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти соҳаи тандурустӣ ва масъулини таваллудхонаи вилоятӣ супориш дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин дастгоҳи тиббии мазкур ба пуррагӣ барқарор карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни боздиди корӣ ба роҳбарияти таваллудхонаи вилоятӣ дастур дод, ки сатҳи хизматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, ба ободу зебо гардонидани саҳн ва атрофи муассисаи тиббӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh