Пиёдагардон масъулият эҳсос намоянд!

Дар  давраи як моҳу чор рӯзи соли 2018, дар қаламрави ҷумҳурӣ 82 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 43-тои онро пахшкунии пиёдагардон ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин садамаҳо-14 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 30-нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Зиёдшавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бештар дар вилояти Суғд аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракати роҳ, махсусан пиёдагардон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар қаламрави вилоят амалиёти мақсадноки “Пиёдагард” ташкил ва гузаронида шуд. Вобаста ба ин чанде қабл аз тарафи кормандони Шӯъбачаи БДА-и дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзеъи бозори “Сомон ва Баракат” чорабинии мақсаднок доир гардид. Аз мушоҳидаҳо  маълум гашт, ки баъзе аз шаҳрвандон дар мавзеъҳои  шиддатнокии ҳаракаташ баланд, саросемавор аз пеши воситаҳои  нақлиёти омадаистода давида гузашта, бо ин амалашон ҳаёти худ ва атрофиёнро зери хатар мегузоранд. Беинтизомии пиёдагардон дар ин мавзеъ ба қавле ба арши аъло расидааст, ки   ҳар рӯзу ҳар соат, ҳаёту саломатии онҳо зери хатар қарор дорад. Ташвишовар он  аст, ки риоя нагардидани талаботи  қоидаи ҳаракати роҳ новобаста аз синну  сол, аз тарафи ноболиғон, ҷавонон, ва  шахсони калонсол, ки  фарзандони хурдсоли худро  роҳбаладӣ мекунанд, ба назар мерасад. 

Маврид ба ёдоварист, ки  таъмини бехатарии пиёдагардон ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки онҳо, дар ин минтақаи роҳ, вазифаи   танҳо   кормандони БДА набуда, инчунин  фаъолон, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор ва  раисони бозору марказҳои савдо  низ  вазифадоранд  сари ин  масъалаи  ташвишовар  ибрози  андеша  намоянд. Зеро  солимии  ҷомеа аз  ҳар як фард вобастагии калон дорад.

Карим ҶУМАЕВ,
нозири калони ГТТ ШБДА
РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Суғд, майори милитсия, узви ИҶТ

Add comment


Security code
Refresh