Беэҳтиётӣ боиси садамаҳои фоҷиабор

Имрўз бинобар беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби ронандагон садамаҳои зиёде рух дода истодааст, ки дар натиҷаи он нафаре захмин ва дигаре дучори марг гаштааст. Ҳарчанд аз ҷониби масъулин корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва назорат пурзўр карда шуда бошад ҳам то ҳол садамаҳое, ки боиси марги шахс мегардад, рух дода истодааст.

Аз Шўъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, ки моҳи январи соли 2018 якчанд ҳодисаи садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. 

- Ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 81-58 СО/02 Шўҳратхоҷа Солихўҷаев (соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди назди варзишгоҳи «Лочин», аз самти кўпруки «Ҷашнӣ»  ба самти маҳаллаи 31 – ум, аз ўҳдаи идораи автомашина набаромада, ба симчўби канори роҳ бархўрд. Дар натиҷа ронанда ва мусофирони автомашина ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Дар садамаи мазкур Лола Ҷўраева (соли таваллудаш 1988) ба ҳалокат расид. 

- Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 99-90 СТ/02 Сунатулло Бурҳонов (соли таваллудаш 1989) истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Конибодом-Ғафуров-Деҳмой» дар самти Ҷамоати Хистеварз бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба симчўб бархўрд. Дар натиҷаи садама ронанда ва мусофирони автомашина ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Мусофири автомашина Умарҷон Раҳимов (соли таваллудаш 1995), сокини ноҳияи Исфара дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.  

- Ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-ЛАБО», рақами қайди давлатиаш 80-82 ЕК/02 Муҳуддин Устобоев (соли таваллудаш 1963) сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати Хистеварз бо роҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд»  ба самти колхози Д.Азизов бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Абдуллоҷон Эшматов (соли таваллудаш 1958) пахш кард. Дар натиҷаи садама Абдуллоҷон Эшматов ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона вафот кард.

Доир ба садамаҳои нақлиётӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh