Нақлиётҳои Ёрии таъҷилӣ дар хизмати мардум

Чанде пеш аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят нақлиётҳои махсусгардонидашудаи ёрии таъҷилӣ дода шуд. Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен низ ду нақлиёти ёрии таъҷилии навъи «Хундай-Старекс» тақдим карда шуд.

Ин туҳфаи арзандаро роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳия хуш қабул намуда, таъкид доштанд, ин имконият медиҳад,   ки саривақт ба беморон кумаки аввали тиббӣ расонида, дардмандонро фаврӣ ба беморхона  расонанд.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Олимҷон Бекбутаев иброз дошт, ки дар шӯъбаи Ёрии таъҷилии беморхонаи марказии ноҳия 5 мошини ёрии таъҷилӣ –ду адад нақлиёти тамғаи «Хундай-Старекс», як адад «Газел», «УаЗ» ва як адад нақлиёти тамғаи «Дамас» дар хизмати мардум қарор дорад. Дар шӯъбаи мазкур айни замон 12 нафар корманд кору фаъолият дошта, барои саривақт расонидани ёрии таъҷилӣ ба беморон кӯшиш менамоянд.

Фирӯз Боқӣ,
ноҳияи Спитамен

Add comment


Security code
Refresh