Фурўши моҳии пок дар ҷои нопок

Бегоҳирўзӣ дар наздикии майдони Регистони мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд нафарони зиёд ҷамъ омада буданд. Наздиктар рафтем, то бубинем, ки дар он ҷо чӣ ҳодисае рух додааст.

- Моҳӣ арзон шуд, гиред! Бо овози баланд марде ҳамаро ба сўи худ даъват мекард. Чанд нафар моҳифурўшон дар қадди роҳ дар замини чангу хок селофан кушода, болои он аз даруни халтаи чиркини хоку лойолуда моҳиҳои ношустаро бароварда мегузоштанд. Моҳиҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ буданду баробари ин мардум бо ҳам китф ба китф мезаданд, то аввалин шуда онро бо нархи арзон дастрас кунанд. Чанд муддат ин манзараро назорат кардем ва бароямон аён гардид, ки роҳгузарон бештар на ба сифати моҳӣ, балки ба нархи он диққат медиҳанд.

Моҳифурўш Исроил ном ҷавонмард сабаби дар қадди роҳ савдо кардани моҳиҳоро чунин маънидод намуд:

- Аслан дар бозори «20- солагии Истиқлолият» ба моҳифурўшӣ машғул ҳастам, вале аз сабаби он, ки ҷойи савдо дур аст, харидорон кам меоянд ва ноилоҷ бегоҳ дар қадди роҳ ба моҳифурўшӣ мебароям. Агар сари вақт нафурўшам, моҳӣ сифати худро гум мекунад.

«Гармӣ»-и савдову нодидии саломатӣ

Имрўз дар назди бозори марказии Панҷшанбе чанд нуқтаи фурўши моҳиҳои хому пухта ва дуддода мавҷуд аст. Аввалан, ба бозори «20-солагии Истиқлолият» равон шудем. Растаҳои моҳифурўшӣ дар қафотар ҷой гирифта будаанд. Занону мардони моҳифурўш худ харидоронро ба худ ҷалб мекарданд. Дар назар чунин менамуд, ки моҳиҳоро тоза шуста бошанд, вале вақте наздиктар омадем, дидем, моҳиҳо ҳарчанд нав дошта шудаанд, ношуставу дилнокашанд. Болои миз низ тоза нест. Яке аз фурўшанда назаре ба мо карду назди худ даъват намуд.

- Моҳӣ диҳам, кадом намудаш лозим аст? - пурсид ў.

- Чанд намуд моҳӣ доред ва нархи он чӣ гуна аст? - пурсидем мо.

- Нархи моҳиҳо аз 27 сомонӣ оғоз мешавад. Намудҳояш ҳам гуногун ва вобаста ба хелҳояш нархгузорӣ шудаанд. Ана ин сафедмоҳӣ (белқй амур), мормоҳӣ, чашмсафед (белоглазка), суфмоҳӣ (судак), зағорамоҳӣ (сазан) …

Фурўшанда нарху сифати моҳиҳоро як ба як муаррифӣ кард, гўё аз ҳама хубаш мормоҳӣ бошад, зеро сўзани кам дораду гўшти зиёд. Ҳамин вақт марди миёнасоле барои харидани равғани моҳӣ ба фурўшанда муроҷиат кард. Тавре огоҳ гаштем, як кило равғани моҳӣ 6-8 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Зан, ки ба савдо машғул буд, саросема равғани дар даруни халтачаи селофанӣ бударо ба тарозу гузошт.

Халтачааш то дараҷае ифлос шуда буд, ки кас ба ҳайрат меафтод. Наход дар халтача барои истеъмол равған ҷой карда шуда бошад? Мард ҳам 6 сомонӣ доду бечунучаро халтачаро гирифта рафт. Фурўшанда пулро ба киссааш андохт. Либоси фурўшанда хеле бадбўю олуда буд.

Аксар фурўшандагон - ҳам зану ҳам мард аз қоидаҳои оддии санитарию гигиенӣ дур мондаанд. Яхдонҳо низ хеле ифлос буда, кӣ медонад, дохили онҳо боз чӣ миқдоре моҳиҳои аз фурўшмонда бошад, зеро барои дидани ҳолати онҳо ягон нафар иҷозат надод.

Ба растаи моҳиҳои дуддода равон шудем. Моҳиҳоро бо як дидан кас ҳавас мекунад, зеро ҳолати зоҳириашон дилкаш менамуд. Бо фурўшандаи ин намуд моҳӣ ҳамсуҳбат гаштем ва хостем аз нозукиҳои омода кардани он огоҳ шавем, вале ў бо таърифкунии маҳсулоташ банд шуд:

- Як моҳии дар дуд омодашударо дар халтаи селофанӣ метавонед дар муддати 5-6 рўз нигоҳ доред ва сифати он коҳиш намеёбад. Агар онро дар ҷойи кушод гузоред, моҳҳои зиёд хусусияти худро гум намекунанд ва тамъашон аз моҳии наву тоза фарқияте надорад, - гуфт моҳифурўши дигар.

Пас ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки баъзе аз моҳиҳои дар болои миз гузошташуда моҳҳои тўлонӣ истода, яъне кўҳнаанд? Нархи ин хели моҳӣ аз 10 то 80 сомонӣ аст. Шояд барои гум накардани тамъаш ва тез нобуд нагаштан болои моҳиҳо кушодаву чангу ғубори гирду атроф бо он оғушта шудаанд.

Ба ин монанд дар ду нуқтаи бозори “Панҷшанбе” моҳии дар равған пухта ба фурўш гузошта шудааст, ки 100 грамми он 9-10 сомонӣ мебошад. Маҳсулоти барои истеъмол омодашуда низ ҳолати ғайрисанитарӣ дошт, зеро болояш кушодаву байни дигар маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти рўзмарра гузошта шудааст ва дар назди он рўзе садҳо нафар гаштугузор доранд. Либоси фурўшандагони ин намуди маҳсулот низ ба талаботи савдо ҷавобгў нест. Бо дастони ношуста ба даруни халтачаи селофанӣ моҳиро мемонанду ба харидор медиҳанд. Суоле ба миён меояд, оё ин намуди моҳиро метавон дар ин ҳолат метавон истеъмол кард? Онро шустан ғайриимкон асту таъмашро гум мекунад. Ин ҳолат магар ба саломатии истеъмолкунанда хатар надорад?!

Дар ҳошияи андешаҳо

Абдуҷалил Қодиров - мудири шуъбаи озмоишгоҳи назди бозори Панҷшанбе:

- Барои фурўши маҳсулоти гўштӣ, аз ҷумла моҳӣ дар як ҳафта ду маротиба санҷиш гузаронида мешавад ва дар асоси он ба фурўшандагон иҷозатномаи савдо дода мешавад. Асосан моҳиҳои воридшударо аз рўи сифати маҳсулот ва ба талаботи байторӣ - беҳдоштӣ ҷавобгў буданаш барои фурўхтан иҷозат медиҳем. Пас аз гузаронидани ташхис ба фурўшандагон шартномаи байтории №4 дода мешавад. Моҳӣ агар наву тоза бошад, ҳамон рўз фурўхта тамом карданашон зарур аст ва маҳсулоти аз фурўш мондаро бояд ба яхдонҳо гузоранд. Моҳиҳоро дар ҳарорати аз 20 дараҷа боло нигоҳ доштан мумкин нест. Муҳлати нигоҳдории моҳиҳои дуддодашуда то 5 рўз аст.

Ин мутахассис ҳамчунин қайд кард, ки моҳии дар шароити хона бирёнгардида набояд истеъмол карда шавад, зеро он барои саломатии инсон зарари калон дорад, вале афсўс, ки имрўз ин ҳолатҳо ба назар мерасанд. Харидорон аз он бехабаранд, ки моҳии пухта дар кадом шароит омода карда шудааст.

Сабоҳат Турдиева – харидор:

- Солҳои пеш шумораи ҷойи фурўши моҳӣ зиёд буд, аммо имрўз он танҳо дар як ҷой аст. Бегоҳ вақти аз кор ба хона рафтан дар қадди роҳ фурўшандаҳо моҳиҳои зиёдеро ба савдо мегузоранд, ки нархи онҳо низ он қадар гарон нестанд. Барои фарзандонам онро харидорӣ мекунам ва пеш аз истеъмол бо оби гарм мешўям. Ростӣ, дар бораи оқибати он боре ҳам фикр накардаам, зеро аксари мардум харида истодаанд. Чанд маротиба аз бозори “Панҷшанбе” моҳии пухташуда харидам, вале тамъаш он қадар хуб набуд, шояд аз он сабаб, ки хокаи тамъдиҳандаро зиёд ҳамроҳ карда бошанд. Аз ин ҷиҳат худам моҳӣ мегираму мепазам.

Мирзодаврон Солиев – роҳгузар:

- Аз завқи харидорон дар ҳайрат мемонам, ки чаро онҳо маҳсулоти дар замин гузошташударо мехаранд. Чаро маъмурияти бозори “Панҷшанбе” нисбат ба амали фурўшандагон ҳарфе намезананд? Ин ҳолатро кӣ назорат мекунад? Охир аз Регистони “Панҷшанбе” мардум, аз ҷумла меҳмонони зиёде гузар доранд ва вақте маҳсулоти ба талаботи санитарӣ ҷавобгў набударо мебинанд, чӣ гуна ақида пайдо мекунанд? Магар ин паст будани сатҳи маърифати харидору фурўшандаро нишон намедиҳад?

Наталия Ушарова – истеъмолкунанда:

- Боре аз бозори «20 – солагии Истиқлолият» ба маблағи 50 сомонӣ моҳӣ харидам ва ба чунин хулоса омадам, ки назорат аз болои сифати маҳсулоти истеъмолӣ, аз ҷумла моҳӣ хеле суст аст. Вақте моҳиро шуста, дар равған пухтам аз он бўи бад омад. Гумон карда будам, ки вақти пухтан, шояд бўяш равад, аммо тамъаш чунон дилбеҳузуркунанда буд, ки барои хўрдан касе ҷуръат ҳам накард. Бар замми ин, ҳарчанд ки дар оби зиёд онро шуста бошам ҳам, сангчаҳо байни дандонҳо ғичир-ғичир мекарданд. Ҳамин тавр аз харидани моҳӣ даст кашидам.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро имрўз барои фурўши моҳиҳо растаҳои алоҳида вуҷуд надоранду назорат ба савдои ин намуди маҳсулот дар сатҳи паст қарор дорад?

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh