Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ

Рӯзи 4 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшид.

Дар ин рӯз бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни маҷмааи фарҳангӣ - фароғатии назди қасри фарҳанги ноҳия ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Роҳбари вилоят масъулинро ҷиҳати нигоҳубини дарахтон ва сарсабзу хуррам гардонидани ин мавзеъ вазифадор намуд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ теъдоди зиёди сокинони ноҳия низ иштирок намуда, барои ободонии як гӯшаи ватан саҳми худро гузоштанд. Зимни суҳбат бо сокинон роҳбари вилоят аз онҳо даъват намуд, ки барои сарсабз гардонии муҳит саҳмгузор бошанд.

Дар ҳамин мавзеъ Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз иншооти варзишии ноҳияро мавриди назар қарор дод. Тавре маълумот дода шуд, соли гузашта дар назди қасри фарҳанги ноҳия толори варзишӣ ва майдони футболи хурд бунёд ёфта, баҳри сокинон шароити боз ҳам беҳтари машғул гаштан ба варзиш фароҳам оварда шудааст. Аммо ҳолати кунунии варзишгоҳи ноҳия, ки солҳои тӯлонӣ аз мадди назари масъулин дур мондааст, беҳбудиро металабад. Бо назардошти вазъи кунунии ин иншооти варзишӣ роҳбари вилоят масъулинро ҷиҳати таҳияи лоиҳаи таҷдиду навсозии варзишгоҳ вазифадор сохт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh