Ҳар қатра гавҳар аст!

Дар Паёми Пешвои миллат дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Чунончӣ, зикр гардидааст: «Дар давоми 26 сол дар кишвар барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нўшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кўмаки беруна амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад».

Хушбахтем, ки Тоҷикистони мо кишвари дар табиат беҳамтову беқиёс дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ, обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш мебошад. Дар ин росто, аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба хурду бузургсоли диёрамон фараҳмандӣ, дилгармӣ ва рўҳбаландӣ бахшида, ба заҳмати бурдборона ҳидоят менамояд. Зарур аст, ки барои иҷро ва дар ҳаёт татбиқ намудани ҳар нуктаи Паёми башоратафзо мо бояд рисолат ва масъулият дошта бошем.

Барои он ки навиштаҳоям асосе дошта бошанд, манзара ва воқеияти муҳитеро ба риштаи таҳлил мекашам: дар қисми шарқии деҳаи Басманда дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр чашмаи обаш мусаффову зумуррадтоб мавҷуд аст, ки онро мардуми маҳал Чашмаи Калон мегўянд.

Деҳа ва ин чашма таърихи басо қадима доранд. Бино ба тасдиқи таърихшиносон ҳанўз дар асри Х дар ин ҷо шаҳре бо номи Марсманда арзи вуҷуд дошта, рушд кардаву ном бароварда будааст. Дар натиҷаи кофтуковҳои археологию полеантологии бостоншиносон маълум гардидааст, ки аз саргаҳи Чашмаи Калон бо воситаи лўлаҳои сафолӣ ба деҳа об меомадааст. Аз ин бармеояд, ки он замон дар ин макон ҳунари кулолгарӣ ва оҳангарӣ ривоҷ ёфта, дар рўзгори мардум зуҳур кардааст.

Баҳриддин Бобоев – сокини деҳа, ки даҳмарда аст, мегўяд оби чашма софу зулол, ширину болаззат буда, хосияти табобатӣ ҳам дорад, ба кас неруву тавоноӣ мебахшад. Аз замонҳои дур инҷониб мардуми деҳа аз оби ин чашма менўшанд, дар киштукори сабзавот истифода мебаранд. Саргаҳ ва атрофи чашмаро растаниҳо, буттаҳои гуногун мисли зағоса, бушол, зирк, сабзаҳои себаргаву зуф ва ҳулбў дар авҷи нашъунамояшон басо назаррабо менамоянд, зебу фараҳ мебахшанд. Чашмаи Калон бо манзараи зебояш масоҳати ҳамвор ҳам дорад, ки барои ташкил кардани минтақаи сайёҳӣ хеле мувофиқ аст. Оби чашма аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, қисми зиёди мардуми деҳа аз он самаранок ва оқилона истифода мебаранд.

Зикри он зарур аст, ки шахси оқилу меҳнатдўст Болтубой Аминов (рўҳаш шод бод!) дар қисми поёнии Чашмаи Калон боғи дилкушои фароғативу истироҳатӣ бунёд карда буд, ки имрўз аз ў нишона аст. Ман ҳамчун омўзгори собиқадор ба ҷавонону мардуми деҳа талқин менамоям, ки оби Чашмаи Калон ва он боғи хуррамро ҳифз кунанд, ободу тозаву файзбахш нигоҳ доранд. Ин мавзеъ, ки Чашмаи Калон ном дорад, дар тарафи ҷанубии он чашмаи хурд низ мавҷуд аст. Оби Чашмаи Хурд мусаффо, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳаловатбахш мебошад. Дар атрофи чашма олами наботот, гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокутӣ дар фасли баҳор сарсабзанд.

Тамошои табиати зебои атрофи чашмаҳо, обҳои мусаффо, ширину ҳаловатбахши чашмасорон ба ҳар бинанда таассурот ва фараҳи тоза мебахшанд. Дилпурона ва ифтихормандона мегўем, ки ҳама канори кишвари биҳиштосои мо обу ҳавои дилкаш доранд.

Раҳматулло ЁРОВ,
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh