Гӯшт арзон шуд

Чуноне иттилоъ доред, иҷрокунандаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳини боздид аз бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд аз гаронии нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ изҳорӣ нигаронӣ карда, оид ба арзонтар  намудани ин навъи  маҳсулоти зарурии рӯзгор дастур дода буд.

Роҳбарияти бозор ва қассобон иқдоми неки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоятро дастгирӣ намуда, барои нисбатан арзон пешкаши дастархони мардум кардани гӯшт тасмим гирифтанд. Боиси қайд аст, ки то кунун  арзиши як килограмм гӯшти чорвои калони шохдор 35 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Масъулини Раёсати матлуботи вилояти Суғд баъди сафари кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба бозори марказии «Панҷшанбе» ба тамоми фурӯшандагони  ин намуди маҳсулот дар шаҳру навоҳии вилоят дастур доданд, ки минбаъд дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ нархи гӯшти чорвои калони шохдор бо арзиши 33 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 36 сомонӣ фурӯхта шавад. Қассобонро мебояд, ки барои харидорӣ, забҳи чорво ва бо сифати баланд пешкаши харидорон гардонидани гӯшт чораҳои зарурӣ андешанд.

- Имрӯз аллакай се чорвои калони шохдор забҳ карда шуда, барои бо нархи арзон пешкаши харидорон гардонидани гӯшт дар мувофиқа бо масъулини бозори «Панҷшанбе» нуқтаи алоҳидаи гӯштфурӯшӣ ба фаъолият пардохт, ки мардум метавонанд, бо арзиши 32 сомонӣ ин маҳсулоти ниёзи аввалро харидорӣ намоянд. Минбаъд ин раванд дар бозорҳои вилоят амалӣ гардида, барои танзими нарху наво, кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ мусоидат хоҳад кард,-иброз дошт раиси Раёсати матлуботи вилоят Иброҳим Мутуллозода. 

Fанӣ Поччоев-раиси ташкилоти ҷамъиятии соҳибкорони бозори марказии «Панҷшанбе»  иброз медорад, ки дар ин минтақа 50 дӯкони гӯштфурӯшӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза то 4-5 тонна гӯшти чорвои калони шохдор ва моли майда ба фурӯш гузошта мешавад. Ҷиҳати дар оянда арзон нигоҳ доштани нархи гӯшт дар бозорҳои вилоят корбарӣ ҷараён дошта, бо ин раванд метавон арзиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ниёзи аввалро низ паст фаровард.

Ҳарчанд паст фаромадани арзиши гӯшт барои соҳибкорон-фурӯшандагон мушкилиҳоро пеш оварда бошад ҳам, масъулини бозор ваъда доданд, ки дар мувофиқа бо соҳибмулк бобати паст фаровардани арзиши иҷорапулӣ корбарӣ хоҳанд кард.

Абдурасул Рабиев - фурӯшандаи нуқтаи гӯштфурӯшӣ буда, наздик 3-4 сол инҷониб бо ин касб шуғл меварзад. Иқдоми иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоятро бобати арзон пешкаши харидорон гардонидани гӯшт дастгирӣ мекунад, зеро бо ин равиш метавон сафи харидоронро зиёд гардонида, миқдори муайяни маҳсулоташонро ба фурӯш гузоранд.

Сокини шаҳри Хуҷанд Раҳбарой Икромова бо дидани нархномаи гӯшт аввал ба тааҷҷуб афтоду баъди фаҳмидани воқеа андешаҳояшро чунин баён дошт:

-Нафақагир ҳастам. Имрӯз бо набераам ба бозор омада, ба ростӣ ҳайрон шудам. Нархи гӯшт арзон шудааст. Аз дӯкони иттифоқи матлуботи дар назди бозори марказӣ ташкилшуда бо нархи 32 сомонӣ гӯшт харидам. Масъулон мегӯянд, ки минбаъд низ ин раванд идома хоҳад ёфт. Агар чунин мешуд, мо - харидорон бениҳоят хурсанд мешудем. 

 Аз суҳбат бо фурӯшгорон ва харидорон бармеояд, ки аз иқдоми пешгирифтаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят шоду мамнун ҳастанд ва боварӣ доранд, ки минбаъд арзиши маҳсулоти дигари хоҷагии қишлоқ ва ҳам молҳои ниёзи аввал  мувофиқи талаботи мардум хоҳанд буд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh