Тақдими 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ

Ин амали нек ба беҳтар шудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилоят мусоидат мекунад

Маросими супурдани 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт.

Абдураҳмон Қодирӣ дар сухани ифтитоҳии хеш соҳаи тандурустиро яке аз соҳаҳои муҳим ҳисобида, иброз дошт, ки бо дарназардошти он ки саломатии мардум ҳадафи аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Қайд гардид, алҳол таъминоти мошинаҳои ёрии таъҷилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 52 фисад буда, бисёрии деҳаю ҷамоатҳо ва шаҳракҳои вилоят аз хизматрасонии он бархурдор нестанд.

МИҲД-и вилоят бо мақсади бештар фаро гирифтани минтақаҳои вилоят бо хизматрасонии мошинаҳои ёрии таъҷилӣ ва бо ин роҳ пешгирии ҳолати фавти мардум, тезтар оварда расонидани беморон ба беморхонаҳо ва аз нобудшавӣ наҷот додани онҳо тасмим гирифтааст, ки дар ду соли минбаъда норасоии соҳаро пурра бартараф намояд. Аз ин рў, бо нияти таъминоти бештари соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии табибон ва расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ ба мардум 30 адад мошинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба шаҳру ноҳияҳо тақдим гардид.

Раиси вилоят ҳамчунин изҳори умед кард, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату ҳукумат кормандони соҳаро зарур аст, барои сари вақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавту таваллуди занони ҳомила дар хона чораҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин, иброз дошт, ки муносибату муомилаи хуб метавонад ҳолати беморро рў ба беҳбудӣ оварда, боиси шифоёбии комили онҳо гардад.

Баъдан, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ доир ба вазъи соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҳарф зада, изҳори андеша намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид доштанд, ки барои пешрафти давлату мамлакат пеш аз ҳама миллати солим лозим аст. Боиси хурсандист, ки дар вилоят тадбирҳои оқилонаву ҳадафманд андешида мешаванд. Амалӣ гардидани беш аз 20 барномаву стратегияҳои давлатӣ, ҳамчун «Соли фарди солим» эълон шудани соли 2016, ҷиҳозонидани беморхонаю марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти муосир боиси пешравии соҳа мегардад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми солҳои 2016-2017 ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо 25 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ дастрас карда шуда, то имрўз 109 нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар хизмати мардум қарор дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо қарори Раиси вилоят 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тамғаи «Хундай Старекс» бо маблағи 1,4 миллион сомонӣ харидорӣ ва дастраси минтақаҳои ниёзманд гардонида шуд, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ситора 555» ворид гардида, давоми ду сол ройгон таъмир карда мешавад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар вазъияти тантанавӣ калид ва шиносномаи техникии мошинҳои ёрии таъҷилиро ба сардухтурони беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ супорид.

Ҳамин тариқ, ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 4 адад, Бобоҷон Fафуров, Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич 3 ададӣ, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод 2 ададӣ ва Шаҳристону Кўҳистони Мастчоҳ, Истиқлолу Бўстон, Ҷаббор Расулов ва Беморхонаи минтақавии Зарафшон, ки ба сокинони водии Яғноб хизмат мерасонад, 1 ададӣ мошинаи ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

Маҳмадмурод Сафаров, сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол иброз дошт, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар ин раванд иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти вилоятро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Самандар Тўхтаев, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Истиқлол бо хушнудӣ иброз дошт, ки ин рўзи таърихӣ барои кормандони муассисаҳои тиббӣ фаромўшношуданӣ хоҳад гашт. Зеро то кунун онҳо ҳамагӣ ду адад нақлиёти ёрии таъҷилиро соҳиб буданду барои хизматрасонии саривақтӣ кифоя набуд. Минбаъд бо боварии комил метавон гуфт, ки хизматрасонӣ дар ин самт ҷоннок карда шуда, барои пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.

Ронандаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Содир Дўстматов, ки 33 соли умри худро паси чанбараки нақлиёти ёрии таъҷилӣ сипарӣ кардааст, изҳор дошт, ки бо сабаби кўҳна шудани мошини мавҷуда барои беосеб бурда расонидани беморон азият мекашид.

- Акнун, ки соҳиби нақлиёти нав гаштем, хизматрасонии мо-ронандагон низ осон мешавад, - хурсандона гуфт ў.

Корвони мошинаҳои ёрии таъҷилӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят раҳсипор гардиданд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh