Таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим

Гармшавии бесобиқаи глобалӣ

Обу ҳаво аз омилҳои муҳим буда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи инсон таъсири худро мерасонанд. Одам вобаста ба обу ҳаво либос мепӯшад, тӯю маърака ё дигар чорабинӣ доир мекунад, ба меҳмонӣ меравад. Кишоварзон бошанд, вобаста ба сардиву гармии ҳаво, боришот ва яхкунии замин корҳои деҳқониро пеш мебаранд ва ба анҷом мерасонанд.

Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли зимистон ба гармшавӣ майл дошта, он ҳамасола аз 1 то 1,5 дараҷа гарм шуда истодааст.

Мутахассисони соҳаи табиатшиносӣ сабаби асосии гармшавии умумиҷаҳонии иқлимро дар афзудани шумораи аҳолӣ, зиёд шудани партови газҳои фабрикаву заводҳо ба атмосфера аз партовҳои истеҳсолӣ, ифлос гардидани муҳити зист ва вайрон шудани хусусияти табиии хок медонанд.

Миқдори зиёди партови маишӣ ва истеҳсолот-заводу фабрикаҳо ба монанди газҳои СО2, NО2, формалдегидҳо ва дигар газҳо ба атмосфера пардаи азонии фазоро тунук мегардонанд. Дар натиҷа нури офтоб бисёртар ба замин омада мерасад. Зиёд шудани партовҳо ба замин таркиби хокро вайрон мекунад. Аз ҳамин ҳисоб қабати хоки кураи Замин наметавонад миқдори кофии газҳои дар таркиби хок бударо ба атмосфера хориҷ намояд. Ин падидаи гулӯпарникӣ мебошад.

Партовҳои аз ҳама ҷиддии истеҳсоливу маишӣ дар кишварҳои абарқудрат, ба монанди давлатҳои Аврупо ё Чин содир мегарданд. Тибқи барномаи «Иқлими сабз», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ шудааст, ин гуна давлатҳо ба мамлакатҳои осеббин бояд ҷуброн диҳанд. Айни ҳол барнома мавриди амал қарор дошта, маблағҳои ба мамлакатҳои осебпазир пардохтшаванда ба рушди обёрии деҳот, таъмири ҷӯю каналҳо, селравҳо равона мегарданд.

Тадқиқоти олимон оид ба иқлим идома дорад. Хулосаҳое низ бароварда шудаанд, ки тағйирёбии иқлим ҷараён дорад: дар як нимкураи Замин хунукӣ ва дар нимкураи дигар гармӣ ба мушоҳида мерасанд. Баланд шудани ҳарорати ҳаво ба дигаргунии самти ҳаракати бодҳои (фронтҳои) атмосферӣ, ба иқлими субтропикӣ кам ворид шудан ва мутаносибан камии боришот дар минтақаи субтропикӣ боис гардидааст.

Мамлакати мо-Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар минтақаи иқлими субтропикӣ буда, шиддатҳои атмосферие, ки ба ин самт меоянд, аз баҳр сарчашма мегиранд.

Дар ҷое, ки об бисёр аст, сар задани фронтҳои атмосферӣ зиёд мешаванд. Мамлакатҳои Амрико ва Аврупо ё дигар давлатҳои назди соҳили баҳр ё уқёнус ба ин мисол шуда метавонанд. Аз расонаҳои васоити ахбори омма маълум мегардад, ки айни вақт дар ин давлатҳо баландии барф аз 40 то 50 сантиметр ва 1 метр ҳам шудааст ва ё ҳар гуна тӯфон ба вуҷуд омада истодааст. Сабаби асосии боришоти зиёд ва тӯфонҳои баланд ҳамон бодҳои атмосферие мебошанд, ки аз баҳр ё уқёнус меоянд. Таҳлилҳо бозгӯянд, ки чунин ҳодисоти табиат ба тарафи минтақаҳои субтропикӣ наомадаанд.

Даврӣ будани ҳодисаҳои табиат

Ба гуфти директори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд Абдувалӣ Ҳомидов айни ҳол дар Тоҷикистон 54 стансияи метереологӣ мавҷуд буда, 14 адади он дар ҳудуди вилоят ҷойгир аст. Стансия метереологии шаҳри Хуҷанд аз соли 1824-ум ва Исфара аз соли 1870 то инҷониб фаъолият доранд. Дар вилоят баландтарин стансияи метереологӣ дар 3250 метр аз сатҳи баҳр дар ағбаи Анзоб ҷой гирифтааст.

Инчунин, ӯ қайд намуд, ки ҳодисаҳои табиат ба таври даврӣ такрор меёбанд. Масалан, стансияи метереологии шаҳр суръати шамоли сахти шаби 26-27 декабри соли 2017-ум шударо то 32 метр дар як сония ба қайд гирифтааст. Ҳамин гуна шамол дар шаҳри Хуҷанд соли 1993 ҷараён гирифта будааст. Чунин вазидани шамол дар ҳар 10-15 сол як маротиба такрор меёбад.

Ба таъкиди мутахассисон ҳарорати фасли зимистони соли 2014-ум шабеҳи зимистони соли 2017 будааст. Зимистони аз ҳама сардтарин, ки стансияи обуҳавосанҷии шаҳри Хуҷанд тӯли даҳ соли охир ба қайд гирифтааст, соли 2007-2008 буда, баландии барф дар шаҳри Хуҷанд 12-13 сантиметрро ташкил додааст. Инчунин дар давраи Шӯравӣ боридани барфи бисёр ва қабати барф аз 15 то 20 сантиметр ба қайд гирифта шудааст.

- Обуҳавосанҷон вазъи обу ҳаворо барои панҷ ва даҳ рӯз муайян менамоянд. Стансияҳои синоптикӣ ё марказҳои иттилооти аз стансияи метереологӣ гирифташударо дар харита ҷойгир намуда, пас аз коркард пешгӯии вазъи обу ҳаворо баён медоранд. Мутахассисон меъёри бисёрсолаи метереологиро муқаррар намуда, тибқи он боришотро дар ҳар фасл ё моҳ бо ченаки миллиметр муайян мекунанд. Айни ҳол бо сабаби тағйир ёфтани иқлим меъёри бисёрсола бо мушоҳидаҳои воқеӣ рост наомада истодааст. Кормандон муайян мекунанд, ки дар як метри мураббаъ чанд миллиметр борон мезанад ва аз рӯи он миқдори боришотро дар моҳ ё фасли сол аниқ менамоянд. То ҳол ба таври дақиқ гуфта намешавад, ки агар зимистон камбориш бошад, баҳору тобистон сербориш мешавад. Ё ин ки тобистон гармӣ бошад, зимистон ҳатман хунук меояд. Ин гуна хулосабарорӣ ғайриимкон аст. Бо вуҷуди он метавон гуфт, ки миқдори боришоте, ки дар атмосфера барои меъёри моҳона боқӣ мемонад, боз борон омаданаш мумкин аст, аммо маълум нест, ки дар кадом фасл ё моҳҳо, - изҳор дошт А.Ҳомидов.

Масоили ҷиддӣ дар оинаи илм

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ аз он ҷумла, пиряхҳо яке аз давлатҳои бойтарин маҳсуб меёбад.

Масъалаи обшавии пиряхҳо масоили мубрам буда, диққати олимону мутахассисон бояд беш аз пеш ба ин масъала ҷалб ва роҳҳои ҳалли он дарёфт карда шаванд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки аз 28000 пирях 1000 пирях нест гаштааст. Сабабҳои асосии ба нестӣ расидани пиряхҳо аввалан гармшавии умумиҷаҳонӣ бошад, дуввум, ифлос кардани атмосфера, севум камии боришоти барф ва сабаби чаҳорум кам шудани захираи обҳои зеризаминӣ аст.

Баланд шудани ҳарорати ҳаво-гармшавии умумиҷаҳонӣ ҳудуди обшавии пиряхҳоро зиёд гардонидааст. Ифлос шудани атмосфера сабаби обшавии пиряхҳо мебошад, чунки чангу ғубор сатҳи пиряхҳоро тира гардонида, ин тирагӣ миқдори зиёди нури офтобро фурӯ мебарад. Дар натиҷа обшавии пиряхҳо меафзояд.

Яке аз омилҳои муҳими дигар обшавии пиряхҳо кам гардидани захираи оби зеризаминӣ аст. Қисмати растанипӯши кураи Замин, боғҳову дарахтон захираи оби зеризаминиро нигоҳ медоранд. Дар ҳолате, ки оби зеризаминӣ кам мегардад, он барои пурра гардонидани ҳаҷми худ аз пиряхҳо об талаб мекунад. Яъне байни поёноб-обҳои зеризаминӣ ва болооб-пиряхҳо кашиш ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи ин обшавии пиряхҳо фаро мерасанд.

Барои ҳамин мо бояд кӯшиш намоем, ки дар талу теппаҳо, даштрӯяҳо ва дигар мавзеъҳои бекорхобидаи замин ҳарчӣ бештар ниҳолу буттаҳои дарахтон ва зироатҳои гуногуни кишоварзӣ шинонида, онҳоро парваришу нигоҳубин намоем. Вақте ки ҳаҷми оби зеризаминӣ зиёдтар мешавад, пиряхҳо дар ҷойҳои худ қарор мегиранд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон 149 дидбонгоҳи обсанҷӣ ва 2 маркази мониторинги ҳолати пиряхҳо мавҷуданд. Дар ояндаи наздик бо иқдоми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази пиряхшиносӣ таъсис дода мешавад, ки масъалаҳои дар ҳолати муайян нигоҳ доштани пиряхҳо, мониторинги онҳо, муайян намудани таркиби химиявии пирях, фарқияти намудҳои пирях ва дигар масоили марбут ба соҳаро аз ҷиҳати назариявӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳангоми тамошои кӯли зебои Сарез аз обшавии босуръати пиряхҳо мутаассир гардида, иброз дошт, ки барои дастгирии пешниҳодҳои Сарвари Тоҷикистон дар бораи истифодаи оқилонаи оби мусаффо, андешидани тадбирҳои муассир барои пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим бояд иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ шаванд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh