Туҳфаҳои пастсифати бобои барфӣ

Дар назди арчаи солинавӣ, ки дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» қомат афрохтааст, бегоҳӣ бобоҳои барфӣ бо халтаҳои пур ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, онҳоро шод мегардониданд.

-Канӣ, набераи Бобо, як шеър қироат кун, бароят туҳфа медиҳам, - гуфт ба кӯдаки сесолаам Бобои барфӣ. Фарзандам бо шодӣ бо овози баланд шеър қироат кард. Бобо аз даруни халтааш тӯҳфа бароварда, ба писарчаам тақдим карду аз ман панҷ сомонӣ талаб кард. Арзиши туҳфаи Бобои барфӣ панҷ сомонӣ будааст! Кӯдакам аз шодӣ гӯё болу пар бароварда бошад, бо хурсандӣ ба хона омада, туҳфаро боз кард. Дар он як ҷуворимаккаи «Симбо», шарбати «Ширин» ва бозичаи хурдакак буд. Фарзандам ҷуворимаккаашро гирифта, як бор маззаашро чашиду дубора барои хӯрдан ҷуръат накард.

-Мазза надорад. Бобои барфӣ бароям тӯҳфаи бемазза додааст - гӯён қаҳр кард. Пас шарбати «Ширин»-ро истеъмол намуд, он ҳам маъқул нашуд, - ибрози ақида кард сокини ноҳияи Спитамен Эркин Ҷабборов.

Барои боварӣ ҳосил кардан ба назди Бобои барфӣ рафта ба маб-лағи 5 сомонӣ як тӯҳфа харидем. Дар ҳақиқат, ба ҷуз се хуриши кӯдакона дигар чизе набуд. Дар вақти истеъмол баръало сифати паст доштани он аён гашт. Таъми шарбати «Ширин» талх ва истеъмолаш ғайриимкон буд. Ҷуворимаккаи «Симбо» низ пастсифат ва барои саломатии кӯдакон зараровар буд. Арзиши аслии тӯҳфа 1,5 сомониро ташкил медиҳад, азбаски хуришҳо пастсифатанд, нархаш ҳам гарон нест.

Сокини шаҳри Хуҷанд М.Мавлонова аз он изҳори норизогӣ кард, ки дар даруни туҳфаи харидааш йогурти санаи истеъмолаш гузашта мавҷуд буд. - Агар сари вақт ба санаи барориши он нигоҳ намекардам, шояд духтарчаам дар беморхонаи сироятӣ бистарӣ мешуд, - гуфт ӯ.

Азбаски аксар падару модарон ба даруни халтачаҳои ороишии туҳфа аҳамият намедиҳанд, бехабар мемонанд, ки кӯдаконашон маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро истеъмол мекунанд ва пас аз ба беморӣ гирифтор шудан сабабашро меҷӯянд.

Ҳамчунин, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҳбуба Гадойбоева аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аз дохили туҳфаи солинавӣ хуриши бачагонаи «Киндер», ки санаи истеъмолаш гузаштааст, баромад. Ин ҳама аз беаҳамиятии масъулини соҳа ё аз бемасъулиятии фурӯшандагон аст? Оё имрӯз аз ҷониби мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд чораҷӯӣ мешавад?

Тавре сардори дафтари матбуоти Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилоят Маҳкамбой Каримов изҳор дошт, дар рафти санҷиш аз дохили туҳфаҳои солинавӣ ягон ҳолати ба кӯдакон додани маҳсулоти пастсифат ё мӯҳлати истифодааш гузашта ба қайд гирифта нашудаанд. Аз рӯи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор” Мақомоти “Тоҷикстандарт” дар як сол як маротиба ҳуқуқи аз назорати давлатӣ гузаронидани субъектҳои хоҷагидорро дорад. Дар ҳолати пастсифат ва санаи истеъмолаш гузаштаро мушоҳида кардан харидор ва истеъмолкунанда метавонад ба марказ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кунад, - гуфт М.Каримов.

Беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии бархе аз фурӯшандагони мағозаву бозорҳо метавонанд боис гардад, ки ба саломатии кӯдакон зарари ҷиддӣ расад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh